Вазорати нақлиёти Тоҷикистон: «Новобаста аз боридани барф дар минтақаҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ кушода аст»
ДУШАНБЕ, 04.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Новобаста аз боришот дар минтақаҳои кӯҳии ҷумҳурӣ — Суғду Хатлон, Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тамоми роҳҳои мамлакат кушода буда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар шоҳроҳҳо ва дигар роҳҳои мошингард мисли рӯзҳои қаблӣ таъмин мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, баландии барф дар минтақаи Сағирдашт ба 5-6 сантиметр мерасад. Инчунин дар ноҳияҳои Рашт, Файзобод, Варзоб ва дигар минтақаҳои кӯҳии мамлакат боридани барф ба қайд гирифта шудааст.
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чаноқ бориши барф идома дошта, баландии он дар баъзе минтақаҳо, аз ҷумла минтақаи наздик ба нақби Истиқлол то 15 сантиметр мерасад. Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ҳолати мазкур бетаъхир чораандешӣ намуда, роҳро аз барф тоза ва бо маводи зиддилағзиш коркард намуда истодаанд.
Дар иртибот ба ин Вазорати нақлиёт аз ронандагон хоҳиш менамояд, ки ҳангоми идораи воситаҳои нақлиёт қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намоянд.
Ронандагоне, ки дар чунин рӯзҳо ба роҳ мебароянд, бояд ҳолати техникии нақлиёташонро аз назар гузаронанд, чархҳои зимистона насб намоянд, ронандагони мошинҳои боркаши калон ҳатман занҷирҳои зидди яхбандӣ гиранд, инчунин ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо фосилаи бештар гиранд,тавсияҳои кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданиро дар мавриди маҳдуд будани ҳаракати мошинҳо ҳангоми мавҷудияти эҳтимоли тармафароӣ, лағзиши кӯҳпора ва сангфароӣ бечуну чаро риоя намоянд.
Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии мамлакат, аз 2 то 5 ноябр дар мамлакат ҳавои номусоид боқӣ монда, борон ва дар минтақаҳои кӯҳӣ барф меборад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид






