Рустами Эмомалӣ: «Барои Тоҷикистон густариши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ бо давлатҳои минтақа ва ҷаҳон самти муҳим маҳсуб меёбад»
ДУШАНБЕ, 01.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи «Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе – 2023» тазаккур доданд, ки бо назардошти тадриҷан ҷорӣ намудани «иқтисоди сабз» ҳамкории мо метавонад дар таъсиси корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон ҳамчун самти ояндадор саҳми арзанда гузорад.
Дар идома таъкид гардид, ки барои Тоҷикистон густариши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ бо давлатҳои минтақа ва ҷаҳон дар заминаи азхудкунии иқтидорҳои бузурги мамлакат дар соҳаи гидроэнергетика самти муҳим маҳсуб меёбад.
Рустами Эмомалӣ иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат бо дастгирии ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ ва давлатҳои шарик дар самти тавсеаи бахши гидроэнергетикаи Тоҷикистон нақшаҳои азимро тавассути бунёди иқтидорҳои нави тавлиди неру ва шабакаҳои интиқоли барқ амалӣ менамояд.
Ба таъкиди Рустами Эмомалӣ, ин тадбирҳо ва афзун намудани иқтидори инноватсионии истеҳсолот, баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имконият дар ҳама соҳаҳо ва рушди неруи инсонӣ ҳамчун самти муҳимми ба рушди устувори мамлакат нигаронидашуда минбаъд низ идома дода хоҳанд шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад






