Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони ВАО-и Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир намуд

Октябрь 25, 2023 16:52

ДУШАНБЕ, 25.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ба муносибати 100-солагии Ҷумҳурии Туркия  бо иштироки Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар ва намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ доир шуд. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Тазаккур дода шуд, ки  Туркия ҳамчун ҷумҳурии  дӯсту бародар яке аз аввалин давлатҳое мебошад, ки 16 декабри соли 1991 Истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф ва муносибатҳои дипломатиашро бо Тоҷикистон 29 январи соли 1992 барқарор намуд.

«Тоҷикистон дорои табиати зебою нотакрор, таърихи пурғановат ва фарҳанги бою ғанӣ аст. Ман дар ин ҷо худро хеле роҳат ва ҳатто дар хонаи худ эҳсос менамоям»,-гуфт Умут Аҷар.

Ба гуфтаи сафир, барои рушди муносибатҳои дуҷонибаи ду давлат фазои мусоиди эътимод, заминаи зарурии сиёсию ҳуқуқӣ ва василаҳои таъмини ҳамкории мутақобилан судманд фароҳам оварда шудаанд.


«Байни ду давлат заминаи мусоиди ҳуқуқӣ ташаккул ёфта, зиёда аз 70 созишномаю тафоҳумнома ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд. Маҳз дар заминаи ин санадҳо имконияти мусоиди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорату сармоягузорӣ, маорифу фарҳанг ва дигар бахшҳои иҷтимоию гуманитарӣ фароҳам гардидаанд»,-гуфт Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар.

Имсол ба барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Туркия 31 сол пур шуд. Дар давоми ин солҳо дар соҳаҳои гуногун натиҷаҳои мусбат ба даст оварда шуданд. Хусусан ҳамкорӣ дар самтҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, энергетика, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, сиёсиву амниятӣ аз афзалият ба шумор меравад.

Байни ду давлат заминаҳои мусоиди ҳуқуқии муносибат ва ҳамкорӣ ташаккул ёфтаанд. Дар ин давра зиёда аз 70 созишномаю тафоҳумномаҳо ва дигар санадҳои ҳамкорӣ байни ду мамлакат ба имзо расиданд. Маҳз дар заминаи он санадҳо имконияти тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои дар боло номбаршуда фароҳам гардид.

Тазаккур дода шуд, ки танҳо соли 2022 гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Туркия 351,2 миллион долларро ташкил дод. Сафири Туркия иброз дошт, ки яке аз корҳои муҳиме, ки мехоҳем анҷом диҳем, ин зиёд намудани гардиши савдо то ҳаҷми 1 миллиард доллар байни ду давлат мебошад.

Ҳамасола тақрибан 50 нафар донишҷӯён аз Тоҷикистон тариқи бурсия дар Туркия ба таҳсил фаро гирифта мешаванд, ки ба гирандагони ин бурсияҳо тамоми хароҷоти давраи таҳсил пардохт мегардад. Ба гуфтаи мавсуф, дар оянда ба нақша гирифта шудааст, ки шумораи ин бурсияҳо зиёд шавад. «То ин рӯз тақрибан 1000 нафар донишҷӯён донишгоҳҳои Туркияро хатм намуда, ҳамчун мутахассисони варзида барои соҳаҳои тандурустӣ, хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳои муҳимми иҷтимоӣ омода мешаванд», -иброз дошт Умут Аҷар.

Дар идома сафир ба саволҳои гуногуни хабарнигорон посух дода, ҳамзамон иброз дошт, ки тасмим гирифтаанд соли 2024 дар Тоҷикистон ҳафтаи филмҳои туркӣ баргузор намоянд.

Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳир САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Октябрь 25, 2023 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд