Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
ДУШАНБЕ, 19.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бо нишони эҳтирому қадршиносӣ ба гузаштагон оромгоҳи олим ва мутафаккири машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуда, бо қироати оятҳо аз Қуръони Маҷид баҳри пойдории суботу оромии Тоҷикистони соҳибистиқлол, осудагии мардуми мамлакат ва пешрафту шукуфоии Ватан дуову фотиҳаи нек намуданд.
Мақбара ва ҳудуди оромгоҳи ин шахсияти таърихии миллати тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ пурра таҷдиду навсозӣ гардида, ба макони ободу зебо табдил дода шуд, ки ҳамарӯза садҳо нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ барои зиёрат ва боздид ба ин макон меоянд.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шахсияти шинохтаи олами илму маърифат буда, маҳз эътирофи мартабаи бародарию баробарии одамон, эҳсону мурувват, нақши илму маориф ва маърифати аҳолӣ, тарғиби сулҳу оромӣ, фарҳанги сулҳ ва таҳаммулгароӣ ӯро машҳури ҷаҳон намуд ва имрӯз дар кишварҳои гуногуни олам пайравону эътиқодмандони зиёд дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти шаҳр ва масъулини Осорхонаи мероси адабӣ ва осори хаттии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани ҳудуди ин макони таърихӣ ва дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани меҳмонони дохолию хориҷӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.









Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи варзишии «Суғд-арена»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсиониро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғдро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз навсозӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд






