Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҳайати Бонки Осиёии рушд мулоқот намуд

Октябрь 20, 2023 19:02

​ДУШАНБЕ, 20.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҳайати Бонки Осиёии рушд, ки ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот намуд.

Ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки осиёии рушд соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллиро фарогир аст.

Ҳоло дар доираи таҳкими робитаҳои дуҷониба татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои энергетика, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, обёрӣ ва дигар соҳаҳо идома дорад.

Ҷонибҳо зимни мулоқот аз равнақи ҳамкорӣ ёдовар шуда, дар доираи сиёсати созандаи Роҳбари давлати Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба истиқлоли коммили энергетикӣ таҳкими робитаҳоро дар самти истеҳсоли «энергияи сабз» зарур донистанд.

Дар доираи мулоқот мавзуҳои гуногуни барои ҷонибҳо муфид муҳокима гардида, барои таҳкими робитаҳо ҷиҳати истифодаи пурраи имкониятҳо ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд.

Октябрь 20, 2023 19:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст