Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Раиси Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Тсян мулоқот намуд

Октябрь 27, 2023 12:02

ДУШАНБЕ, 27.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 26 октябр дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар доираи ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои Созмони ҳамкории Шанхай ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Раиси Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Тсян мулоқот намуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои муҳими давлатӣ, аз ҷумла шарикии стратегӣ, ҳамкории мутақобилан судманд дар самтҳои иқтисоду тиҷорат, афзоиши ҳаҷми содирот, сармоягузории мустақим, фаъолияти густурда дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай, қолаби Чин ва Осиёи Марказӣ, Созмони Милали Муттаҳид, ҳамкорӣ тибқи созишномаи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ», рушди ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисодиёти рақамӣ, коркард ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ, тандурустӣ, маориф, фарҳанг, баланд бардоштани иқтидори гузаргоҳи Кулма — Қаросуро баррасӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, хусусан иқтисодиёт, тиҷорат, саноат, бахши энергетика ва  дигар масъалаҳои рӯзномаи сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мавриди муҳокима  қарор гирифт.

Дар мулоқот вобаста ба масоили марбут ба амнияти минтақа ва вазъи Афғонистони ҳамсоя низ гуфтугӯ анҷом дода шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин ба натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Чин ва сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Чин баҳои баланд дода, самти густариши ҳамкории минбаъдаро муҳим арзёбӣ намуданд.

Ҷониби Чин омодагии худро ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд.

Дар умум сатҳи ҳамкорӣ баҳои баланд гирифта, баҳри боз ҳам рушд додани он изҳори омодагӣ ва ҳавасмандӣ шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 27, 2023 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид