Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Вазири корҳои хориҷии Покистон Ҷалил Аббос Ҷелонӣ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 27.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 26 октябр дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар доираи ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии исломии Покистон Ҷалил Аббос Ҷелонӣ мулоқот намуд.
Дар ин вохурӣ ҷонибҳо дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисод, тиҷорат, саноат, кишоварзӣ, бахши энергетика, махсусан ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаи КАСА 1000-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар мулоқот масъалаи фаъолмандии кори комиссияи байниҳукуматӣ, масоили марбут ба амнияти минтақа ва вазъи Афғонистони ҳамсоя низ мавриди гуфтугӯ қарор дода шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»










Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-20262 иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид






