Шарҳи матбуоти даврӣ аз АМИТ «Ховар»
ДУШАНБЕ, 20.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Барои ба вуҷуд омадани нахустин рӯзномаи тоҷикӣ фарзандони равшанзамиру маърифатпарвари миллат, ки бо фаъолияти муассири ҷамъиятиву сиёсӣ ва фарҳангии худ дар он замон эътибори баланд доштанд, саҳм гирифтанд. Вақте ки ба таърихи матбуотамон назар меафканем, қабл аз ҳама хизматҳои бузурги Қаҳрамони Тоҷикистон — устод Садриддин Айниро ба ёд меорем, ки ба хотири гузоштани асосҳои давлати мустақили мо анҷом додааст. Маҳз устод Айнӣ бо мақолаҳои ватандӯстонаву маорифпарварона ва сухани миллатсози худ ба бедории мардуми тоҷик такони ҷиддӣ бахшидааст».
Эмомалӣ Раҳмон, март 2012
Дар саҳифаи аввали нашрияи расмии «Ҷумҳурият» аз 17 октябри соли 2023 дар хусуси таъсис додани сохтори нав дар Прокуратураи генералии мамлакат бо номи Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо хабари муфассал чоп шудааст.
Қобили тазаккур аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ аз 23 декабри соли 2022 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» чунин изҳор дошта буданд: «Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода намуда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд. Аз ин лиҳоз, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар руҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд. Дар робита ба ин, ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистиву террористӣ ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир мешаванд, зарур аст, ки Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад. Аз ин рӯ, ба Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ супориш дода мешавад, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо масъалаи таъсиси ин марказро омӯхта, пешниҳодҳои худро ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд».
Шоистаи таҳсин аст, ки ин дастури Пешвои миллат аз тарафи Прокуратураи генералӣ ва дигар мақомоти дахлдор мавриди иҷро қарор дорад. Дар ин рӯзҳо Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи машғулияти назариявию амалиро оид ба Маркази ягонаи иттилоотӣ, зарурати таъсис, мазмун ва моҳияти Марказ, самтҳои асосии фаъолият, вазифа, принсип ва ваколатҳои сохтори нав, бақайдгирӣ ва системакунонии парвандаҳои ҷиноятии экстремистӣ, террористӣ ва киберҷиноятҳо, таҳлил ва тадқиқот дар самти пешгирии экстремизм ва терроризм, пешгирии паҳншавии маводу иттилооти экстремистӣ дар фазои интернет, вазифаву ваколатҳо дар самти пешгирии киберҷиноятҳо, таҳлилу ҷамъбасти ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистию террористӣ, мониторинг, арзёбӣ ва пешгӯии таҳдидҳои ин зуҳуротро барои кормандони мақомоти прокуратура мавриди амал қарор додаанд. Бешак, таъсиси Маркази ягона барои кам шудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ-террористӣ, инчунин пешгирии воридшавии ноогоҳонаи ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ нақши муҳим мебозад.
Шумораи навбатии нашрияи «Ҷумҳурият» аз 18 октябр мақолаи таҳлилии Лола Ризоиро бо сарлавҳаи «Муассисаҳои томактабӣ. Иҷрои супоришҳои Сарвари давлат масъулияти бештар мехоҳад!» пешкаши хонандагон намудааст. Муаллиф дар оғоз навиштааст, ки Президенти мамлакат зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара аз ҳолати иҷро нашудани қисматҳои асосии Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 бо изҳори нигаронӣ таъкид намуданд, ки «зарур аст, ки доир ба ҷалби ҳарчи бештари сармояи хусусӣ ҷиҳати сохтмони муассисаҳои томактабӣ ва таъсиси шаклҳои алтернативии фарогирӣ ба зинаи томактабӣ чораҷӯӣ намоем. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ низ вобаста ба таъсис ва фаъолияти марказҳои рушди кӯдак такмил дода шаванд ва то соли 2030 фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ба 50 фоиз расонида шавад».
Таъкид шудааст, ки айни ҳол аз 1 миллиону 71 ҳазор кӯдакони синни томактабӣ 171 ҳазору 416 нафари онҳо ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шуданд, ки 16 дарсадро ташкил медиҳаду халос. Ва ин ҳам дар ҳоле аст, ки Президент ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода буданд, ки то соли 2021 фарогирии кӯдаконро ба зинаи таҳсилот ба 30 фоиз расонанд». Сипас, муаллифи мақола оид ба сабабҳои иҷро нашудани Барномаи давлатӣ ва дар хусуси тадбирҳои заруриву ҳатмӣ ҷиҳати рафъи мушкилоти ин бахши муҳими соҳаи маориф мулоҳизаҳо пешниҳод намудааст.
Нашрияи парлумонии «Садои мардум» аз 16 октябри соли 2023 қарорҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даъват намудани ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар бораи даъват намудани Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум дар шаҳри Душанбе, ҳамчунин Иттилоияи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро нашр намудааст. Мувофиқи ин Иттилоия дар Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллӣ, даъвати шашум баррасии Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ», «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва дигар қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин масъалаҳо оид ба иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудии ҷумҳурӣ дар назар дошта шудааст.
Нашрияи парлумонӣ ҳамчунин оид ба баргузор шудани ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба иқтисод ва молия таҳти раёсати раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Маҳмадалӣ Қурбонзода дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия хабари муфассал нашр намуда, иттилоъ додааст, ки раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Фозил Обидзода бо Раиси Шурои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Валентина Матвиенко дар кори Форуми байналмилалии «Рушди устувори манотиқи кӯҳистон» ва ҷаласаҳои комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои мудофиа ва амният, оид ба иқтисод ва молия, оид ба сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экология, оид ба назорати буҷет дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия иштирок намуданд.
Нашрияи «Народная газета» аз иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гузориши муфассал чоп намуда, Паёми шодбошии Пешвои миллатро ба муносибати ҷашни Меҳргон нашр намудааст. Дар саҳифаҳои дохилии нашрия дар мавзуъҳои амнияти иттилоотӣ, Роғун ва нақши он дар муттаҳидии миллат ва рушди босуръати саноат мақолаҳои муаллифӣ пешниҳоди хонандагон шудаанд.
Нашрияи маркази Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» хабарҳоро аз фаъолияти ҳизб дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат чоп намудааст. Аз ҷумла, оид ба маҷлиси ҷамъбастӣ дар робита ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҳизб дар вилояти Хатлон давоми 9 моҳи соли равон, маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнон, вохӯрии гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо сокинони ноҳия, омӯзиши фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур хабарҳои муфассал нашр шудаанд.
А. САНГЗОДА,
АМИТ«Ховар»