Шумораи ҳалокшудагон дар кони Костенкои Қазоқистон ба 16 нафар расид

Октябрь 28, 2023 11:00

ДУШАНБЕ, 28.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар кони Костенкои Қазоқистон ҷасади 5 нафари дигарро пайдо намуданд. Ҷустуҷӯи 31 нафари дигар идома дорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Казинформ».

«Аз 252 нафар 205 кас ба берун бароварда шуда, 18 нафарашон ба ёрии тиббӣ муроҷиат намуданд. Ҷустуҷӯи 31 конкан идома дорад. 16 нафар бе аломатҳои ҳаёт пайдо карда шуданд», — хабар медиҳад хадамоти матбуотии ҶСК «АрселорМиттал Темиртау».

Ба иттилои манбаъ, дар ҷои ҳодиса наҷотдиҳандагон корҳоро идома медиҳанд. Ситод фаъолият дорад.

АКС: «Казинформ»

Октябрь 28, 2023 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Истанбул тӯфони шадид ба амал омад
Бар асари сӯхтор дар меҳмонхонае дар Алмато 13 нафар ҳалок гардид
Дар натиҷаи сӯхтор дар маркази савдои Покистон 11 нафар ҳалок ва 20 нафар захмӣ гардиданд
Дар Канадаи марказӣ бар асари тирпаронӣ се нафар ҳалок ва ду нафар сахт захмӣ гардиданд
Дар Муғулистон минтақаҳои чорводорӣ метавонанд аз офати табиӣ зарар бинанд
Дар натиҷаи тирпаронӣ дар шаҳри Филаделфияи Амрико ду нафар ҳалок шуд
Гурӯҳи коршиносони Созмони ҳамкории Шанхай масоили таъмини амнияти иттилоотиро баррасӣ намуд
Шабакаи ҳамкорӣ байни академияҳои маъмурии Чин ва давлатҳои Осиёи Марказӣ ба кор шуруъ намуд
Дар шимоли Фаронса муассисаҳои таълимӣ муваққатан баста шуданд
1 ноябр ваколатдорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Минск ҷамъ меоянд
Манораи «афтанда» дар Италия аз сабаби хавфи зиёди фурӯравӣ баста шудааст
Бар асари тӯфони Отис дар Мексика 27 нафар ҳалок шуд