Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок намуд

Октябрь 24, 2023 09:16

ДУШАНБЕ, 24.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 23 октябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок ва суханронӣ намуд. Дар муколамаи имсола, ки дар Люксембург баргузор гардид, вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо низ иштирок доштанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни нишаст иштирокчиён роҷеъ ба сатҳи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории минтақавӣ ибрози назар намуданд.

Дар “Харитаи роҳ”-и ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, ки 23 октябр қабул гардид, омодагии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баҳри вусъати минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, ҳамбастагӣ, рақамикунонӣ, истихроҷ ва коркарди ашёи хом, инчунин амният ва таҳкими сарҳад ва муқовимат ба пайомадҳои тағйироти иқлим дарҷ гардидааст.

Дар анҷоми нишаст эъломияи муштараки вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо қабул гардид.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 24, 2023 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид