Соли 2024 Тоҷикистон мизбони Шурои байнидавлатии обуҳавошиносии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мегардад

Октябрь 3, 2023 16:33

ДУШАНБЕ, 03.10. 2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон ҷаласаи 34-уми Шурои байнидавлатии обуҳавошиносии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ШБО ИДМ) баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарони 9 хадамоти миллии обуҳавошиносии давлатҳои аъзо иштирок намуданд. Ҳамзамон дар ҷараёни баргузории шуро тасдиқ гардид, ки соли 2024 Тоҷикистон мизбони баргузории ҷаласаи 35-уми Шурои байнидавлатии обуҳавошиносии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар ҷаласа Директори Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон  Абдулло Қурбонзода ва мутахассисони соҳа дар гурӯҳҳои корӣ тариқи маҷозӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа қарорҳои нақшаи панҷсолаи фаъолият дастҷамъона муҳокима гардида, мувофиқи ҳуҷҷатҳои идоракунии ҷаласа директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Қурбонзода Раиси Шурои байнидавлатии обуҳавошиносии ИДМ барои давраи навбатӣ таъйин гардид.

Дар суханронии ниҳоӣ намояндаи Тоҷикистон барои эътимоди Шуро изҳори миннатдорӣ намуда, таклиф пешниҳод намуд, ки ҷаласаи навбатии 35-уми ШБО ИДМ соли оянда дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе баргузор шавад. Ин таклиф қабул гардид.

Шурои байнидавлатии обуҳавошиносии ИДМ (ШБО ИДМ) 8 феврали соли 1992 тибқи Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи обуҳавошиносӣ барои ҳалли масъалаҳои қабул ва истифодаи иттилооти обуҳавошиносӣ барои пешгӯии равандҳои обуҳавошиносӣ, таъсири онҳо ба муҳити зист, таъмини мақомоти идоракунӣ ва аҳолӣ бо иттилооти саривақтӣ ва огоҳиҳо аз сар задани зуҳуроти табиӣ таъсис дода шудааст.

Дар кори Шурои байнидавлатии обуҳавошиносии ИДМ 10 мамлакати иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон, Туркманистон, Молдова ва Федератсияи Русия  иштирок менамоянд. Инчунин ҳайатҳои Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ ба сифати нозир дар кори ҳамаи ҷаласаҳои Шуро иштирок менамоянд.

АКС: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 3, 2023 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд