«ТАМҒАИ ПИСАНДИДАИ ТОҶИКИСТОН». Дар Душанбе намоиш-фурӯши молу маҳсулоти ватанӣ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 25.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли даҳум аст, ки ширкати «Тайрон» бо мақсади дастгирии сиёсати иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи татбиқи амалии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» дар ҳамдастӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави мамлакат Лоиҳа-озмуни «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон»-ро амалӣ менамояд.
«Тамғаи писандидаи Тоҷикистон» яке аз лоиҳаҳои муваффақи даврони Истиқлол буда, ба як чорабинии муҳим дар ҳаёти иқтисодии мамлакат табдил ёфтааст. Дар ин Лоиҳа-озмуни бонуффуз ҳамасола даҳҳо корхонаву ширкатҳои хурду бузурги мамлакат иштирок намуда, молу маҳсулот ва хизматрасониҳои гуногуни худро пешкаши доираи васеи истеъмолкунандагон месозанд.
Рақобат байни ширкатҳо барои ба даст овардани нишони «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон» бисёр шадид аст. Бартарии Лоиҳа-озмуни мазкур дар он аст, ки ба молу маҳсулоти пешкашшуда мардум-истеъмолкунандагон баҳо дода, бо роҳи овоздиҳӣ тамғаи писандидаи худро интихоб менамоянд.
Ҳамасола дар доираи Лоиҳа-озмуни «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон» намоиш-фурӯши молу маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон баргузор мегардад. Имсол низ ташаббускорони лоиҳа ин анъанаи некро идома дода, рӯзҳои 2, 3 ва 4 ноябр дар Кохи Борбад ярмаркаи маҳсулоти хушсифати ватаниро баргузор менамоянд, ки дар он ширкату корхонаҳои маъруфи Тоҷикистон иштирок намуда, молу маҳсулоти хушсифатро бо нархи яклухт ба муштариён пешкаш менамояд.

Аз намоишгоҳ орд, равған, биринҷ, макарон, маҳсулоти гӯштӣ, аз ҷумла, гӯшти мурғ, навъҳои гуногуни ҳасиб ва ҳасибчаҳои хушмазза, маҳсулоти ширӣ, аз қабили шир, ҷурғот, сметана, қаймоқ, қанду шоколад, пистаю бодом, мағзу мавиз, донагӣ, торту шириниҳои лазиз, соку шарбатҳои табиӣ, обҳои газнок, собуну шампунҳои хушбӯй, маводи шустушӯиву ороишӣ, мавод барои хона ва дорувориро дастрас намудан мумкин аст.
Дар Намоишгоҳ ҳамчунин телевизор, яхдон, мошинаи ҷомашӯӣ, чангкашак, кондинсионер, гармкунакҳои барқӣ, гӯштқимакунаку тафдон ва дигар намудҳои техникаи маишӣ ба муштариён бо нархи яклухт пешниҳод мегардад. Дар Намоишгоҳ намудҳои дигари хизматрасони низ пешкаш карда мешаванд.
Маросими расмии кушодашавии намоиш-фурӯши молу маҳсулоти иштирокчиёни Лоиҳа-озмуни «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон» 2 ноябр, соати 09:00 дар Кохи Борбад баргузор гашта, дар он намояндагони Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо, сафирони давлатҳои хориҷӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок хоҳанд намуд.
Озмуни «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2023» 3 ноябр дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe» ба таври тантанавӣ ҷамъбаст шуда, ғолибон бо диплом ва нишони «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон» сарфароз гардонида мешаванд.
АКС аз бойгонӣ








Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад






