ТОҶИКИСТОНИ МО ДУРАХШОН ШУД! Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди забони давлатӣ, маънавият ва ҳувияти миллии тоҷикон қобили ситоиш аст
ДУШАНБЕ, 05.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз пас аз гузаштани сию ду соли соҳибистиқлолӣ, сию ду соли ҷоннисориву худфидоиҳо, сию ду соли бунёдкориву созандагиҳо аз ҷониби халқи тоҷик бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бе ягон баҳс мо на танҳо соҳиби давлати шукуфону ободу осудаву рӯ ба тараққӣ, балки инчунин соҳиби маънавиёти бузурги миллӣ ва ҳувияти қавии миллӣ низ мебошем. Аз он лаҳзаҳое, ки Тоҷикистони мо дар вартаи фалокат буд, аз он замоне, ки ҳукумати нави Тоҷикистон бо хазинаҳои сифр ба кор шуруъ намуд, то имрӯз як роҳи бузурги эҳёи таърихии халқу давлати тоҷик сипарӣ гардид. Имрӯз мо ба ин кохи муҳташами Истиқлолияти давлатиямон, ба Нишони давлатӣ, ба Парчами баланди миллиямон бо камоли ифтихори миллӣ назар менамоем. Бо пирӯзиҳои бадастовардаи давлатдориямон дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, кишоварзиву саноатӣ, сохтмону бинокориҳои бемисл ифтихор менамоем. Ва аз ҳама муҳим- ҳар нақшаву ҳар кори бузурги мо дар ҷодаи таҳкими Истиқлолияти давлатӣ бо такя ба маънавиёти бузург ва ҳувияти қавии миллиамон амалӣ мегардад.
Маҳз ҳамин забони абадзинда ва маънавиёти бузурги миллиамон аст, ки бо решаҳои қавии таърихии худ моро зинда медоранд ва ба сӯи пирӯзиҳои нав ба нави миллӣ роҳнамоӣ менамоянд. Чунин нигоштааст Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло.
-Мо бо ифтихор аз ин ҳама пирӯзиҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол, бо ифтихор аз Кохи муҳташами Истиқлолияти давлатиамон, ки рӯз то рӯзу сол то сол қавитару афрохтатар мегардад, бояд шукргузор аз он меъморе бошем, ки зербуни қавии ин кохро оқилонаву дурбинона бунёд гузоштааст, меъморе, ки хиштҳои нахустинро дар ин бинои асолати миллӣ бамавриду баҷову бегазанд гузоштааст, то мо имрӯз бо дили гарм ва неруву бовари бузург бунёди онро идома диҳем.
Банда ба ёд меоварам он рӯзҳои нахустинро- вақте, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кори эҳёи мамлакат оғоз намуданд. Дар он рӯзҳои нахустин ду падида дар дили мо умеду рӯшноӣ андохт, ки то имрӯз роҳи моро равшан медорад. Аввало, дар рӯзи дуюми оғози давлатдорӣ дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол аввалин иқдоми Сарвари давлат вохӯрӣ бо аҳли илму адаб буд. Сарвари ҷавону дурандеши Тоҷикистон дар он замони бениҳоят мураккаб зарур донистанд, ки аввалин мулоқоту маслиҳати худро маҳз бо олимону адибон, шахсиятҳои варзидаи мамлакат рӯи кор оранд. Ин чунин маънӣ дошт, ки Сарвари Тоҷикистони навбунёд даст ба домони хирад мебаранд. Яъне он хираду фазилат, илму адаберо, ки сиришти миллии мо бо худ дорад, дар мадди аввал мегузоранд. Падидаи дуюме, ки аз хирад ва дили бузургу зебоипарасти Сарвари давлат гувоҳӣ медод, дар ҳамон рӯзҳои гарон, дар ҳамон рӯзҳое, ки мардум нони хӯрданӣ надоштанд, он кас мардумро ба ҳашари умумихалқии ниҳолшинонӣ даъват намуда, худ низ аз нахустинҳо шуда, бел ба даст гирифта, ниҳоли сабз шинониданд. Рамзи бузурге дошт ин рафтор. Яъне мо давлатамонро ободу сабзу хуррам мегардонем. Ин падида гувоҳи дили зебоипарасти Сарвари давлатамон ва такяи он кас ба хиради азалии миллати тоҷик буд. Бунёди маънавиёт ва ҳувияти миллии мо маҳз аз ҳамон рӯзҳо роҳи эҳёи тозаро пеш гирифт.
Баъдан, пайваста, ҳатто дар он рӯзҳои гарони ҷанги шаҳрвандӣ, тамоми иқдом ва чорабиниҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ба худшиносии миллӣ, шинохти ҳувияти миллӣ, фароҳам овардани ваҳдати миллӣ равона шуда буд. Тамоми бузургдоштҳо, ҷашнҳо, иду тантанаҳои миллӣ- шуруъ аз бузургдошти забони тоҷикӣ ва давлатӣ эълон намудани он то таъсиси Конститутсияи Тоҷикистон, таҷлили ҷашну маросими нобиғагони илму адаб ҳама пайваста маънавиёти миллии моро ташаккул доданд. Танҳо номбар намудани рӯйхати корҳои анҷомёфта ҷилд-ҷилд навиштаҳоро фаро мегирад. Яъне ки пайваста, ҳар соату ҳар рӯзу ҳар ҳафтаву ҳар моҳу ҳар сол маънавиёти миллии мо сурату симои қавии миллии худро пайдо менамуд.
Дар баробари созандагиву ободонии саросари мамлакат, барқарор намудани муносибатҳои байналмилалӣ, обрӯву нуфузи мамлакат дар арсаҳои ҷаҳонӣ, ба роҳ мондани ҳадафҳои баланди стратегие, ки имрӯз обрӯи Тоҷикистон ва Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷаҳон хеле баланд бардоштаву дурахши тоза додаанд, бояд гуфт, ки Пешвои дурбину дурандеши миллати мо ягон лаҳза фориғ аз ғамхорӣ дар ҳаққи маънавиёти миллати мо набуданд. Зеро дарки он ки ҳеҷ миллате бе забони давлатӣ, бе маънавиёти бузург, бе хираду фазилати зотӣ, бе дастовардҳои бузурги маънавӣ дар илму адабу ҳунар ба ҷойе намерасад, ҳамеша роҳнамои Пешвои муаззами миллати мо будааст.
Тозатарин падидаҳои ин ғамхориро мо дар бунёди мактабҳои нави замонавии ҳам таҳсилоти миёнаву ҳам олӣ ва ҳам ҳунаристонҳо мебинем. Аз рӯзҳои нахустин самти асосӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатдории мо интихоб гардидани пешрафти соҳаи маориф гувоҳи назари неку дурандешонаи Пешвои миллатамон ба маънавиёти мамлакат мебошад.
Дар он рӯзҳо- баъд аз замони ҷанги шаҳрвандӣ, ки нашриёти мо касод шуда буданд ва қудрати чопи китобҳоро надоштанд, боз ҳам Сарвари давлат ғами нашри китоб — ин сарчашмаи илму маърифатро хӯрданд, чандин сол пайи ҳам барои нашри китобҳои адибон аз хазинаи Президенти Тоҷикистон маблағҳои бузург ҷудо карда шуд. Нашри комили асарҳои классикони адабиётамон аз ҳисоби маблағҳои президентӣ ва бо нархи арзон дастраси мардум гардонидани он падидаи бешабеҳе буд, ки назирашро дар ҷои дигар надидем ва ин ҳам аз иқдоми Пешвои миллатамон буд. Интишор ва ба сари ҳар хонадон ройгон тақдим намудани китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров оё ғамхории беназири Президент нисбат ба маънавиёти миллат нест!?
Мо шукр мекунем, ки Сарвари ғамхору ватанпарваре дорем, ки як лаҳза фориғ аз рушди маънавиёти миллати худ нестанд. Тамоми чорабиниҳои сатҳи баланди давлатӣ, қарору қонунҳо ва барномаҳои омӯзишӣ, аз нақши масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд сар карда, то эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар мамлакат- ҳама ҳадафҳои баланди ғанӣ сохтани маънавиёти бузурги миллии моро доранд.
Зиёда аз ин эҳёи тамоми суннатҳои баланди милии мо, ки ҳар яке гувоҳи маънавиёти бузурги миллати мо мебошанду маънавиёти бузурги миллати моро дар пеши ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд, нишонаҳои ғамхорӣ ва саҳми бузурги Пешвои миллати мо ҳастанд. Зеро маънавиёти бузургу бешабеҳи миллии мо, пеш аз ҳама, дар ҳамин суннатҳои баланд, ҷашну маросими халқии мо асрҳои аср ташаккул ёфтаанд. Танҳо Наврӯзи бостонии халқи мо, ки ҳазорсолаҳо боз миллати мо онро маҳфуз медорад, худ хазинаи тиллоии маънавиёти бузурге аст, ки бо хуҷастагиҳои зиёди худ оламиёнро тасхир намудааст. Маҳз сиёсати ватандӯстонаи Пешвои миллати мо буд, ки ин ҳама ойинҳи инсонпарваронаву башардӯстонаи халқи мо, аз ҷумла, Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргон, ки ҳар яке барандаи маънавиёти баланди инсонӣ мебошанд, эҳёи дубора ёфтанд. Эътирофи ҷаҳонии аксари суннатҳои миллии мо, фарҳанги ҳазоронсолаи мо гувоҳи он мебошад, ки онҳо ҳама ба дарди инсоният мехӯранд, армонҳои башарии инсониятро ифода менамоянд, ба андешаи некманишони дунё мувофиқ мебошанд, зеро ҳама аз сиришти нек, аз шиори миллии тоҷикии гуфтори нек, кирдори нек, пиндори нек баромадаву оламро тасхир намудаанд. Ва ин бахти мо, тоҷикон аст, ки Пешвои хайрхоҳу инсондӯсту ватанпарвари миллати мо дар сиришти худ барандаи ҳамин ғояҳои баланди некманишӣ ва ҷавонмардии халқи хеш мебошанд.
Тамоми озмунҳое, ки бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллатамон ба роҳ монда шудаанд, аз ҷумла “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, “Илм- фурӯғи мърифат”, ““Тоҷикон дар оинаи таърих”, бешубҳа, аз як озмун бештар аҳамият доранд, зеро ҳар яке ҳадафҳои баланди милливу маънавиро пайгирӣ менамояд ва мо имрӯз ҳосили ин озмунҳоро дар ғанӣ гардидани маънавиёти миллиамон аллакай мебинем.
Мо дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди маънавиёт ва ҳувияти миллӣ» маълумоти умумӣ додем, ҳол он ки ин мавзуъ хеле доманадор аст, хусусан ин ки бо ташаббуси Пешвои миллати ватандӯсти мо дар тамоми самтҳои маънавиёти мо саҳмгузорӣ падид омадаву ҳар яке метавонад мавзуи алоҳидаи пажуҳиши доманадор бошад. Аммо ин ҳанӯз оғози бунёди кохи некиву ростӣ ва сулҳу аминият дар Тоҷикистони биҳиштосои мо аст ва чун шиори миллии мо ва Сарвари мо имрӯз “Тоҷикистон, ба пеш” аст, мо аминем, ки қуллаҳои ҳанӯз фатҳнагардидаи пирӯзиҳои миллӣ моро дар пеш интизор ҳастанд.
Дар робита ба мавзуъ шеъре низ манзур мешавад.
ДАР САМОИ СИЁСАТИ ДАВРОН
Дар самои сиёсати даврон
Чеҳрае, ки ба хайр тобон аст,
Дар ғами ҳирс дигаронанд, ӯ
Дар ғами рӯзи неки инсон аст.
Бо фурӯғу нубӯғи симояш
Тоҷикистони мо дурахшон шуд,
Бо гули хандаи лабони ӯ
Тоҷикистони мо гулафшон шуд.
Пайки оби зулоли мо бо ӯст,
Оби мо обрӯи мо афзуд.
Бо сиришти накӯи тоҷикӣ
Ӯ дари сулҳу дӯстӣ бикшуд.
Ӯ ба майдон баромад он гоҳе,
Ки дигарҳо гурез меҷустанд.
Ин ҷасорат, муҳаббати ӯ буд,
Тоҷикистон раҳо шуд аз сад банд.
Раст Меҳан зи вартаи муҳлик,
Ишқи Меҳан варо тавоне дод,
Бо фари осмонӣ бар халқаш
Бахту толеи осмонӣ дод.
Не, на аз ғайб пеши мо омад,
Халқ бар хеш Пешворо дод,
Ҳосили ранҷҳои чандин аср,
Бахти моро, бақои моро дод.
Ӯ раҳо кард Меҳани моро
Ҳаст то вақт, қадри ӯ донед,
Ӯ наҷотофарини халқи мост,
Ҷону дил пеши пош афшонед.
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисто/АМИТ “Ховар”