ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ. Дар Бохтар намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 17.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки давоми қарнҳо зебоиашро аз даст надода, минбаъд низ гум наменамояд. Занону духтарони тоҷик анъанаҳои миллии худро доранд, аз ҷумла либоси миллӣ –чакан, атлас ва рӯймол, ки зебо ва тоҷикона ҳастанд. Дар анъанаи зебоишиносии миллии мо либосҳои тоҷикидӯхт ва шинам нақши муҳим доранд. Мо, тоҷикон воқеан ҳам фарҳанги пӯшидани либосҳои миллии худро дорем ва бояд ин гуна арзишҳоро ҷонибдорӣ ва ҳифз намоем.
Либос на танҳо ҷисми моро пӯшонида, онро пероста мегардонад, балки ҳамчун нишонаи фарҳанги миллӣ моро ба дигарон мешиносонад. Пас интихоби дурусти матоъ, дӯхти либоси миллӣ, бомавриду дар мавқеъ пӯшидани он масъулияти худшиносӣ, худогоҳӣ, ватандорӣ ва ҳувияти миллӣ аст, ки ба тарғиб ниёз дорад.
Маълум аст, ки либосҳои миллӣ ҳамчун бахши зиндаи фарҳанги анъанавӣ аз қадим дар рушду такомул ва тағйирот қарор доранд.
Имрӯз низ ин раванд идома дорад, аммо моро зарур аст, ки барои ҳифзи асолати он, тарғиби арзишҳои миллӣ ва худшиносӣ тадбирҳои саривақтӣ андешем ва бақои суннатҳои миллиро таъмин намоем.
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид






