Вакилони Маҷлиси намояндагон дар кори ҷаласаҳои комиссияи доимии Ассамблеяи парлумонии СААД иштирок намуданд

Октябрь 20, 2023 11:44

ДУШАНБЕ, 20.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод, раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон Мавлудахон Мирзозода, Сарвиноз Маҷидзода, Толибхон Азимзода дар кори ҷаласаҳои комиссияи доимии Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ, масъалаҳои мудофиа ва амният, масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ,  масъалаҳои экологӣ ва иқтисодӣ, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия дар реҷаи фосилавӣ (онлайн) баргузор гардид, фаъолона иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласаҳои комиссия лоиҳаи тавсияҳо оид ба ҷавобгарӣ барои амалҳои марбут ба барқарорсозии натсизм ва таҳрифи ҳақиқати таърихӣ дар қонунгузории мамлакатҳои аъзои СААД,  лоиҳаи қонуни намунавии СААД «Дар бораи пешгирии истеъмоли ғайритиббии маводи мухаддир», «Дар бораи лоиҳаи тавсияҳо оид ба таъмини қонунгузории амнияти биологии давлатҳои аъзои СААД», «Дар бораи маблағгузории фаъолияти Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, «Дар бораи рафти кор оид ба тасвиби шартномаҳои байналмилалӣ» ба имзо расида, дар доираи СААД лоиҳаи қонуни намунавии СААД «Дар бораи амнияти инфрасохтори муҳими иттилоотӣ», лоиҳаи қонуни намунавии СААД «Дар бораи ҳифзи иттилоот  ва киберамният», лоиҳаи тавсияҳо оид ба таъмини қонунгузории амнияти биологии мамлакатҳои аъзои СААД,  лоиҳаи нақшаи кори Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ барои соли 2024 мавриди баррасӣ қарор гирифт.


Аъзои комиссия ҳамчунин дар  ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи парлумонии СААД масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ,  масъалаҳо дар бораи фаъолияти СААД дар давраи байни сессияҳо ва тасвиби шартномаҳои байналмилалие, ки дар доираи СААД баста шудаанд, дар бораи натиҷаҳои мониторинги парлумонии вазъи низомию сиёсӣ дар минтақаи Аврупои Шарқии амнияти дастҷамъии СААД-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иштирокчиёни ҷаласаи нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи парлумонии СААД ҳамчунин таъкид намуданд, ки ҳамкории байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаклҳои гуногуни ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба амалӣ мешавад.

Таъкид шуд, ки маҳз фаъолияти дастҷамъона ва мубодилаи таҷриба дар ин самт воситаи ягонаи таъмини амнияту оромӣ дар минтақа хоҳад буд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 20, 2023 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода бо Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Файзалӣ Идизода бо раисони кумитаҳо, комиссияҳои мудофиа ва амнияти парламентҳои давлатҳои СААД мулоқот намуд
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия ба тасвиб расид
Файзалӣ Идизода бо Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Раиси Кумитаи ҳуқуқи инсони Подшоҳии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе дурнамо ва рушди қонунгузории шаҳрак ва деҳот дар шароити ҷаҳонишавӣ баррасӣ карда шуд
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» қабул карда шуд
Ҳайати вакилони Тоҷикистон дар Муколамаи дуюми минтақавии парламентӣ оид ба рушди технологияҳои «сабз» иштирок намуд
Дар Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» мавриди баррасӣ қарор гирифт
Дар Русия ҷаласаҳои навбатии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои ИДМ баргузор гардиданд
Файзалӣ Идизода бо ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Русия вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Ҳуснуллин мулоқот намуданд