Вазорати корҳои хориҷӣ: «Бо мардуми Афғонистон ғамшарику ҳамдардем»

Октябрь 9, 2023 08:23

ДУШАНБЕ, 09.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мардуми Тоҷикистон аз заминларзаҳои шадид дар Афғонистон, ки боиси марги зиёди одамон ва харобиҳо гардид, сахт андуҳгин буда, ба мардуми ин кишвар изҳори ҳамдардӣ менамоянд. Чунин омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар изҳорот инчунин гуфта шудааст, ки дар ин лаҳзаҳои фоҷеабор Тоҷикистон бо мардуми Афғонистон ғамшарику ҳамдард аст.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамдардии амиқро ба наздикону пайвандони фавтидагон иброз намуда, ба осебдидагони заминларзаҳо шифои комил таманно менамояд.

Тавре қаблан иттилоъ додем, 7 октябр дар Афғонистон заминларза ба амал омад. Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар музофоти Ҳироти Афғонистон ба 2053 нафар расид.

Тибқии иттилои расида, ҷунбиши қишри замин, ки қувваи он аз рӯи ҷадвали Рихтер 6,3 балро ташкил медод, дар 40 километрии қисми шимолу ғарби музофоти Ҳирот рух дод.

Дар натиҷаи офати табиӣ беш аз 600 манзили истиқоматӣ ва дигар инфрасохтор хароб гашта, 2053 нафар ба ҳалокат расид.

Бар асари заминларза ҳамчунин нафарони зиёд бенишон гашта, шумораи осебдидагон ба пуррагӣ муайян карда нашудааст.

АКС аз бойгонӣ

Октябрь 9, 2023 08:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард