«ЯК КАМАРБАНД — ЯК РОҲ». Ҳайати расмии Тоҷикистон дар Форуми сеюми байналмилалӣ дар Пекин иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 18.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Форуми сеюми байналмилалии «Як камарбанд — Як роҳ», ки 17-18 дар Пекин доир мешавад, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода иштирок дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар маросими ифтитоҳи форум раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин сухан гуфт.
Дар Форуми сеюми байналмилалии «Як камарбанд — Як роҳ» намояндагони 130 давлати ҷаҳон ва 30 созмони бонуфузи байналмилалӣ иштирок доранд.
«Як камарбанд — як роҳ» ташаббуси байналмилалии Чин барои такмили долонҳои нави тиҷоратӣ ва нақлиётӣ ба шумор меравад. Он беш аз 60 давлати Осиёи Марказӣ, Аврупо ва Африқоро ба ҳам пайваста, барои пешбурди рушди муносибатҳои тиҷоратӣ байни давлатҳо ва Чин пешбинӣ шудааст.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»






