«ЗАБОН ВА ИСТИҚЛОЛ». Таҳти ин унвон дар Душанбе конференсияи илмию амалӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 05.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Забони тоҷикӣ, ки асолати беш аз ҳазорсолаҳо дорад, бо забон ва адабиёти ғании худ ҷаҳоншумул гардида, дар роҳи таҳкими тамаддуни инсонӣ ва афкори инсонгарои башарӣ саҳми босазо дорад. Дар давраи ҷаҳонишавии миллатҳо ин сарвати бебаҳо-забони миллии мо, ки худ омили муҳимми пойдориву бақои миллат ва давлатдории миллӣ аст, аз ҷониби давлат ҳифз гардида, рушд меёбад. Чунин гуфта шуд зимни Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявии «Забон ва Истиқлол», ки 4 октябр бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ҳамоиш, ки бо ибтикори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд, забоншиносон ва муҳаққиқони соҳа иштирок намуда, вобаста ба нақши забон мубодилаи афкор намуданд.
Иштирокчиёни ҳамоиш мақоми арзанда ва таълимдиҳандагӣ доштани адабиёи ғании ин забонро ёдовар шуда, пешниҳод намуданд, ки ҷавҳари асосӣ ва ҳадафи пур аз ҳикмати забони тоҷикиро танҳо дар донистани ин забон мебояд фаҳмид. Зеро барои ба ин мақсадҳо ноил гаштан доираи омӯзиш ва таълими ин забонро дар давлатҳои олам бояд васеъ намуд.
Тазаккур дода шуд, ки забони тоҷикӣ, ки асолати беш аз ҳазорсолаҳо дорад, бо забон ва адабиёти ғании худ ҷаҳоншумул гардида, дар роҳи таҳкими тамаддуни инсонӣ ва афкори инсонгарои башарӣ саҳми босазо дорад. Дар давраи ҷаҳонишавии миллатҳо ин сарвати бебаҳо-забони миллии мо, ки худ омили муҳимми пойдориву бақои миллат ва давлатдории миллӣ аст, аз ҷониби давлат ҳифз гардида, рушд меёбад.
Гуфта шуд, ки дар Тоҷикистон забони миллат ҳастии миллат ва бунёду пояи давлат эътироф шудааст. Аз ин рӯ бояд аз он пуштибонӣ намуд ва барои покизагии он талош варзид. Чунин мавқеъро, пеш аз ҳама, Пешвои миллат содиқонаву пайгирона пеш гирифтаанд.


Бояд гуфт, ки Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҳифзи арзишҳои миллии забониро аз вазифаю ҳадафҳои асосии худ барои насли имрӯзу фардои ҷомеа ҳисобида, моро вазифадор менамояд, ки барои рушду густариши забони давлатиамон чӣ дар дохил ва чӣ хориҷи мамлакат камари ҳиммат бандем. Ҳамзамон иқдоми марбут ба ин масъаларо мунтазам дар байни тамоми қишрҳои ҷомеа амалӣ сохта, ба роҳ монем. Зеро забони мо баёнгари сарнавишти мо, мояи ифтихору сарфарозӣ ва пойдевори ваҳдати ҷовидонии миллати мо аст.
Забони тоҷикӣ аз ҷиҳати калимасозӣ ва ибораороӣ дар сархати забонҳои дунё қарор дошта, имкон дорад, ки дар ин радиф беш аз 225 миллион калима ва вожа бисозад. Ин ҳама аз тавонмандӣ, шаҳомат ва бузургиву нодирии забони ноби тоҷикӣ шаҳодат медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки дурнамои рушди забонро дар асоси меъёрҳои муқарраргардида дар иртибот ба вазъи ҳуқуқӣ, аз ҷумла меъёрҳои истифодаи дигар забонҳо дар шароити кунунии муносибатҳои дохилӣ ва хориҷии мамлакат танзим ва муқаррар менамояд.
Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд






