«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Ба истиқболи Рӯзи забони давлатӣ дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун баргузор мегардад

Октябрь 1, 2023 17:03

ДУШАНБЕ, 01.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфил-озмуни  «Забони миллат – ҳастии миллат» байни донишҷӯёни коллеҷу литсей ва хонандагони синфи 11-и Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор баргузор  мегардад.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор хабар доданд.

Маҳфил-озмуни  «Забони миллат – ҳастии миллат» бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  ташкил карда шуда, Лоиҳаи ангораи Маҳфил-озмуни «Забони миллат – ҳастии миллат»  дар маҷлиси нахустини Кумитаи тадорукот тасдиқ карда шуд.

Маҳфил-озмун дар ду давр гузаронида мешавад. Даври якум дар доираи муассисаҳои таълимӣ аз 30 сентябр то 3 октябр гузаронида шуда, ташкилкунандаи маҳфил-озмун, ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои лозимаро барои иштирок дар маҳфил-озмун ба роҳ мемонанд ва аз миёни довталабон ғолибони ҷойи якумро барои иштирок дар даври дуюм пешниҳод менамоянд. Даври дуюми маҳфил-озмун барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври якум 4 октябр баргузор мегардад.

Тибқи Низомнома,  маҳфил-озмун аз се шарти зерин иборат аст:  қироати ифоданоки ғазал, ҳар як иштирокчии маҳфил-озмун доир ба моҳияти таърихии китоби «Забони миллат-ҳастии миллат»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ибрози андеша  намуда, маҳорату истеъдоди иштирокчиёни озмун аз рӯйи нақли осор ва маълумоти мухтасар дар бораи таърихи забони тоҷикӣ муайян карда мешавад. Сипас аз ҷониби ҳакамон ба довталабон  аз китоби «Забони миллат-ҳастии миллат» саволҳо пешниҳод карда мешавад. Ҳамчунин  ҳайати ҳакамон метавонанд барои беҳтару хубтар муайян намудани дониши довталабон  саволҳои иловагӣ пешниҳод намоянд.

Ғолибони маҳфил-озмун бо туҳфаҳо ва сипосномаҳои таъсиснамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор қадршиносӣ карда мешаванд.

Маҳфил-озмуни «Забони миллат – ҳастии миллат» бо мақсади таҳкими арзишҳои маънавию фарҳангӣ, бедор намудани ҳисси ватандустию меҳанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ миёни ҷавонон, талқини ҷавонон барои сухан гуфтан бо забони ноби адабии тоҷикӣ, муаррифии забони тоҷикӣ ба ҷаҳониён ҳамчун забони  қадимаи олам ва эҳё намудани арзишҳои неки ниёгон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳои ҷашнии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мегардад.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор

Октябрь 1, 2023 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст