ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ СОҲИБИ ҶОЙГОҲИ АСЛӢ ГАРДИД. Ва ё чанд сухан доир ба заминаҳои иҷтимоӣ-ҳуқуқии густариши забони давлатии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 04.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар маърузаву суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии забони тоҷикӣ аён мегарданд. Чунончи, Пешвои муаззами миллат 21 июли соли 2009 иброз намуда буданд, ки «забони давлатӣ, бешубҳа, яке аз арзишҳои бузурги миллӣ ва пояҳои давлатдории миллӣ, гузашта аз ин, нишонаи возеҳи истиқлолияти сиёсӣ ва таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи тоҷик маҳсуб мешавад».
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи чунин шахсиятҳои бузурги давлатию таърихӣ мебошанд, ки дар баробари дигар соҳаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ дар густаришу пешрафти забон дар замони соҳибистиқлолӣ саҳми арзанда гузоштаанд.
Пешвои миллат изҳор менамоянд, ки «мо вазифадорем ин хазинаи бемислро чун гавҳари чашм ҳифз намоем ва барои устувор гардонидани пояҳои забони давлатиамон ҳар чи бештар заҳмат кашем. Зеро андеша ва ғояи миллии ҳар халқ дар забону адабиёт ва фарҳангу ҳунараш ифода ёфта, дар тафаккуру маърифати фарзандони он ташаккул меёбад».
Асарҳои пурарзиши Сарвари давлат худ таҷассумгар ва таҳкимбахши заминаҳои таърихӣ ва рушди забони тоҷикӣ мебошанд.
Аз ҷумла, асарҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби якум. Аз Ориён то Сомониён» (2002), «Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби дуюм. Аз Ориён то Сомониён» (2002), «Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби сеюм. Аз Ориён то Сомониён» (2006), «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», (2006), суханрониҳояшон дар вохӯриву чорабиниҳои гуногун оид ба сиёсати забонии давлат, муайян намудани самтҳои асосии инкишофи забон ва забоншиносии тоҷик нақши бунёдӣ ва роҳнамоӣ доранд.
Дар ин радиф, махсусан метавон асари дуҷилдаи «Забони миллат – ҳастии миллат»-ро, ки сайри таърихии забони тоҷикиро аз замони қадим то имрӯз дар бар гирифтааст, иброз намуд.
Нақши Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду густариши забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ беназир буда, маҳз ба василаи сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат забони модарии мо дар замони соҳибистиқлолӣ ҷойгоҳи аслии худро соҳиб гардид.
Пурзӯр намудани заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқии забони давлатӣ ҳамчун омили инкишофи минбаъдаи он
Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифта, барои баланд бардоштани устувории он асоси қонунӣ гузошта шуд.
Он истифодаи забони давлатӣ ва забонҳои дигарро дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ танзим менамояд.
Қонуни мазкур ба рушди забони давлатӣ дар қаламрави Тоҷикистон нигаронида шуда, вазифаҳои давлат ва ҷомеаро муайян месозад. Истифодаи фарохи забони давлатӣ дар риштаи технология, компютеркунонӣ, интернет, густариши омӯзиши забони давлатӣ дар гурӯҳҳои тоҷикию ғайритоҷикии мактабҳои миёнаву олӣ, парвариши ифтихори миллӣ дар заминаи забони модарӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги суханварӣ, пажуҳиши ҳамаҷонибаи қоидаву қонунҳои забони давлатӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим маҳсуб мешаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаҳои худро дар бораи густариши минбаъдаи забони давлатӣ ба таври муъҷаз чунин баён доштаанд: «Мо барои равнақи забони модарии худ боз ҳам бештар ғамхорӣ намуда…, онро ҳамчун гавҳари қиматбаҳои миллӣ ҳифз хоҳем намуд».
Аз ин ҷост, ки барои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шуруъ аз мақомоти давлатӣ то муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ тадбирҳои фарогир андешида шуда, дар раванди иҷро қарор доранд.
Дар робита ба ин, 30 июни соли 2021 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ва «Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ба тасвиб расид, ки имрӯз мавриди амал қарор дорад.
Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ба яке аз масъалаҳои мубрами сиёсати забонии давлату Ҳукумат эҳё ва ба танзим даровардани номҳои миллӣ ва қадимаи тоҷикӣ, истифодаи саҳеҳ аз қолабҳои калимасозии миллӣ, номгузории мавзеъҳои ҷуғрофӣ, таърихӣ, маҳалу деҳот ва шаҳру ноҳияҳо низ, ки бояд бо такя ба суннатҳои гузаштаи ниёгон амалӣ шавад, таваҷҷуҳи вижа зоҳир мегардад. Аз нав эҳё гардидани номҳои асили таърихӣ ва қадимии Суғд, Хатлон, Бохтар, Истаравшан, Рашт на танҳо ба гузаштаи пурифтихори мо ишора доранд, балки барои нигаҳдории ҳофизаи таърихӣ ва густариши худогоҳиву худшиносии мардуми мо нақши муассир мегузоранд.
Дар партави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташаккул ва густариши забони давлатӣ дар ду марҳила ҳуҷҷатҳои барномавӣ пазиройӣ шуданд. Аз ҷумла, «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012 ва «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020 тасдиқ гардиданд.
Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 барои татбиқи ҳадафҳои сиёсати давлатӣ оид ба забон қабул гардида, дар рушду густариш ва баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ саҳми муҳим дошта, бобати инкишофи муносибатҳои ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, сиёсиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит фароҳам меорад.
Дар баробари ин, барномаи номбурда барои ташаккули худшиносӣ, худогоҳии шаҳрвандон, боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ ва инкишофи ҷаҳонбинии сиёсиву фарҳангии аҳли ҷомеа таҳия шудааст.
Шарҳи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр забони тоҷикиро забони ягонаи давлатии худ эълон доштааст.
Забони давлатӣ дар раванди густариши пайвандҳои муштараки фарҳангӣ бо анҷумани тоҷикзабони дунё иртиботи арзишманд дошта, бунёди ростини ваҳдату ягонагии сокинони ҷумҳурӣ ба шумор меравад.
Бояд ёдовар шуд, ки қонун дар бораи забони тоҷикӣ 22 июли соли 1989 дар Иҷлосияи даҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, тайи 20 соли амали худ дар инкишофи забон нақши муҳим гузошт.
Бо дарназардошти он ки баъзе аз муқаррарот ва меъёрҳое, ки дар замони то соҳибистиқлолӣ таҳия гардида буданд, бо гузашти замон наметавонистанд талаботу ниёзҳои рӯзафзуни ҷомеаи мамлакатро дар даврони соҳибихтиёрӣ пурра қонеъ бигардонанд, зарурат пеш омад, то ба хотири ҳифз ва пешрафти забони давлатӣ қонуни нав таҳия ва қабул шавад.
Ҳамин тариқ, 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд, ки вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.
Дар муқаддимаи Қонун мазмуну муҳтавои асосии он муқаррар шудааст, аз ҷумла «вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ» муайян гардида, ҳамзамон «истифодаи забони давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» танзим намудааст.
Дар қонун паҳлуҳои гуногуни забони давлатӣ танзим ёфтаанд, аз қабили вазъи забони давлатӣ дар робита бо дигар забонҳо, забони коргузорӣ, забони санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, забони таҳсил, забони илм, забони воситаҳои ахбори омма, забони рекламаву чорабиниҳои фарҳангӣ, забони номгузорӣ, забони гуфтушуниду мукотибаҳо ва ба монанди инҳо.
Имрӯз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар асоси меъёрҳои байналмилалии баробарии забонҳо, новобаста аз мақоми ҳуқуқии онҳо ва шумораи мардумоне, ки ба ин забонҳо гуфтугӯ менамоянд, амалӣ мешавад. Дар ин қонун новобаста аз халқият, миллият ва мардумоне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ менамоянд, дар баробари донистани забони давлатӣ, инчунин ба онҳо истифодаи озод аз забони модариашон кафолат дода шудааст.
Ҳамчунин танзим намудани истифодаи забони давлатӣ ва забонҳои дигар дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ вазифаи ин қонун дониста мешавад.
Дар айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми устувори ҳуқуқӣ дар самти танзими забон амал дошта, асоси муҳимми ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Мутобиқи моддаи 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал менамояд. Ҳамаи миллатҳо ва халқияте, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ менамоянд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода бикунанд.
Дар баробари ин, мутобиқи моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат ба ҳар кас, сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.
Моддаи 30 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, ки таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст.
Дар асоси моддаи 88 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мурофиа ба забони давлатӣ ва ё забони аксарияти аҳолии маҳал баргузор мегардад. Шахсоне, ки забони мурофиаро намедонанд, бо тарҷумон таъмин карда мешаванд.
Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 21 июли соли 2010 5 октябр Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид.
Зери истилоҳи забони давлатӣ забоне фаҳмида мешавад, ки ҳамчун қоида мутобиқи қонуни асосии мамлакат ҳамаи корҳои давлатию маъмурӣ, фарҳангу маориф ва ғайра бо он бурда мешаванд. Истилоҳи забони тоҷикӣ маънои забони умумии халқи тоҷикро ифода менамояд.
Мақоми давлатӣ доштани забони тоҷикӣ чунин маънӣ надорад, ки ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандоне, ки забони модариашон дигар аст, маҳдуд мегардад. Ҳам Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам қонуни мазкур баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамоянд, кафолати ҳуқуқӣ ва муносибати некбинонаро таъмин менамоянд, ҳуқуқи ҳамаи миллатҳо ва халқияти сокини Тоҷикистонро барои густариши забон ва фарҳангашон, инчунин баробарии ҳамаи онҳоро дар назди қонун, сарфи назар аз забони модариашон ҳимоя менамоянд.
Мутобиқи моддаи 89 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Густариши забони давлатӣ тавассути амалӣ намудани як силсила тадбир ва чораҷӯйиҳо, ба монанди таъсиси мақоми ваколатдор, таҳия ва чопи китобҳо бо забони давлатӣ, қабули санадҳои барномавӣ ба роҳ монда мешавад.
Забони давлатӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми арзанда дорад. Аз ин рӯ тамоми чорабиниҳои давлатӣ бояд ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шаванд.
Мувофиқи талаботи қонуни мазкур ҳамаи миллат ва халқияте, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ менамоянд, ҳуқуқ доранд озодона аз забони модарии худ истифода намоянд. Дар ҳолатҳое, ки қонун истифодаи танҳо забони давлатиро пешбинӣ намудааст, дар ин ҳолат ҳатман бояд истифодаи забон бо риояи қатъии қонун доир гардад. Ба сифати истисноҳое, ки қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, метавон забони санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, забони кории Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои он ва ғайраро номбар намуд.
Ҳамзамон қонуни мазкур ба забони давлатӣ сурат гирифтани коргузории ҳокимияти қонунгузор, мақомоти иҷроия ва судиро пешбинӣ намудааст. Мутобиқи муқаррароти ин қонун, санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мешаванд, ба забони давлатӣ таҳия гардида, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ онҳо ба забонҳои дигар тарҷума мешаванд.
Дар баробари ин, мутобиқи муқаррароти ин қонун ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳо, воҳидҳо ва ҷузъу томҳо ва сохторҳое, ки фаъолияти онҳо бо таъйиноти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини амалиёти онҳо алоқаманд мебошанд, дохил мешаванд, ки забони кории онҳо забони давлатӣ мебошад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» санади мукаммали қонунгузорие маҳсуб мешавад, ки мавқеи забони давлатӣ, муҳиммият ва ҷойгоҳи онро дар қатори забонҳои дигар, кафолати истифодаи забонҳои дигарро дар мамлакат ва дигар муқарраротро вобаста ба нақши забон ҳамчун муқаддасоти миллӣ мавриди танзим қарор додааст.
Эмомалӣ НАСРИДДИНЗОДА,
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
АКС: АМИТ «Ховар»