14 НОЯБР-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ДИАБЕТИ ҚАНД. То соли 2025 теъдоди гирифторони ин беморӣ метавонад ба 550 миллион нафар расад
ДУШАНБЕ, 14.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади кам намудани шумораи гирифторони бемории диабети қанд 14 ноябр Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо диабети қанд эътироф шудааст. Ин рӯз соли 1991 аз ҷониби Федератсияи байналмилалии диабет (International Diabetes Federation, IDF) ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (World Health Organization) қабул шудааст.
Ба иттилои Созмони ҷаҳонии тандрустӣ, имрӯз диабети қанд дар 230-347 миллион нафар одамони сайёра (тақрибан 6% аҳолии калонсоли ҷаҳон) ташхис мешавад. Ин шумора рӯз то рӯз афзоиш ёфта, тибқи иттилои олимони соҳа, то соли 2025 теъдоди афроди гирифтори ин ташхис метавонад ба 550 миллион нафар расад.
Диабети қанд беморие аст, ки дар натиҷаи вайроншавии мубодилаи қанд дар организм ташаккул меёбад. Дар ин беморӣ ҳормони «инсулин» ё тавлид намешавад ва ё ба шакли зарурӣ фаъолият наменамояд. Инсулин барои табдил ёфтани қанди таркиби хун ва ғизоҳо ба энергия хизмат менамояд. Дар шахсони гирифтори ин беморӣ бо далели он ки инсулин камбудӣ дорад ва ба хубӣ амал намекунад, қанд (глюкоза) дар хун то сатҳи хатарнок боло меравад. Аз ин рӯ диабети қанд яке аз мушкилоти ҷиддии ҷаҳонии тандурустӣ мебошад. Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СУТ), дар саросари ҷаҳон беш аз 500 миллион нафар аз он ранҷ мебаранд. Инҷо саволе ба миён меояд, ки сабабҳои асосии пайдоиши беморӣ кадом аст ва барои пешгирӣ намудан аз он кадом чораҳоро бояд амалӣ намуд?
Тавре табиби эндокринолог Мунира Мирахмедова иброз дошт, сабаби гирифторӣ ба ин беморӣ дар фарбеҳии зиёд, аз меъёр зиёд будани холестерин ва равған дар таркиби хун мебошад. Ин беморӣ ба ду гурӯҳ- навъи якум ва дуюм ҷудо мешавад.
«Бемории диабети қанди навъи якумро ба инсулин вобаста мегӯянд, чунки бетаҳуҷайраи ғадуди меъдаи ин гуна беморон инсулинро ҳосил намекунад ё миқдори ҳосилашон кам аст. Аз ин лиҳоз онҳо ба инсулин вобаста мебошанд. Ба ин гурӯҳ шахсони то 35-сола дохил мешаванд», — гуфт мутахассис.
Ба гуфтаи табиб, бемории диабети қанди навъи дуюмро аз инсулин новобаста меноманд, чунки бетаҳуҷайраи ғадуди зери меъдаи ин гуна беморон инсулин ҳосил менамояд. Аммо дар ин гуна беморон инсулин вазифаи худро иҷро намуда наметавонад, аз ин лиҳоз миқдори қанд дар хун зиёд мешавад. Ба ин гурӯҳ шахсони аз 35-40-сола боло дохил мешаванд.
«Инчунин омилҳои пайдоиши ин беморӣ метавонанд ирсӣ, фарбеҳӣ, фишорбаландӣ, ғадуди зери меъда, бемориҳои эндокринологӣ ва ғадуди болои меъда бошанд. Ҳамзамон хушк шудани даҳон, пешобронии зиёд, нозук шудан ва афтидани дандонҳо, дер шифо ёфтани захмҳо аломатҳои дигари ин беморӣ мебошанд. Бояд дар хотир дошт, ки бемории диабети қанди навъи ду метавонад бе аломат пайдо шавад. Аз ҳамин сабаб шахсоне, ки аз 40-сола боло ҳастанд, новобаста аз он ки солим мебошанд, бояд аз санҷиши қанди хун як маротиба гузаранд, то сари вақт оризаҳои ин беморӣ пешгирӣ шаванд», -маслиҳат дод табиби эндокринолог.
Ба гуфтаи мутахассис, солҳои охир ин беморӣ дар байни ҷавонон бештар дида мешавад. Сабаби паҳн гаштани бемории қанд на танҳо ирсият, балки ҳолати равонии инсон ва истеъмоли хӯрокҳои гуногун низ мебошад. Бояд гуфт, ки пурхӯрӣ ё истеъмоли нодурусти хӯрок ба пайдоиши бемории қанд метавонад сабаб шавад.
Бояд гуфт, ки ин беморон барои муътадил нигоҳ доштани сатҳи қанди хун бояд ҳамарӯза инсулин қабул намоянд. Барои табобати ин беморӣ дар ҷумҳурӣ таъмини ройгон бо инсулин амал менамояд. Беморон метавонанд инсулинро аз Маркази ҷумҳуриявии эндокринологӣ ва марказҳои саломатии маҳали истиқомат дастрас намоянд.
Мутахассисони соҳаи тандурустӣ ба беморони гирифтори диабети қанд истеъмоли чунин ғизоҳоро тавсия медиҳанд:
– нони сиёҳ ва сафед дар як рӯз 200-300г;
– шӯрбои обпаз аз сабзавот. Шӯрбои сабук аз гӯшт ё моҳӣ бо сабзавот дар як ҳафта 1-2 маротиба;
– гӯшти гов, гӯсола, мурғ, хурӯси мурғи марҷон дар намуди обпаз ё яхнӣ;
– навъҳои камравғани моҳӣ дар намуди обпаз;
– таом ва хӯришҳо аз сабзавот ва кабудиҳо – карам, гулкарам, хӯриш аз шалғам, помидор, каду, картошка, лаблабу, сабзӣ (то 200 г). Дар як шабонарӯз 900-1000 г сабзавот дар шакли тару тоза ва обпаз;
– таом ва хӯришҳо аз маҳсулоти лӯбиёгӣ, ярма, макарон маҳдуд карда мешаванд;
– тухми нимпаз 1-2 дона/дар рӯз дар намуди чалпак, инчунин илова ба таомҳо;
– навъҳои мева ва буттамеваҳои турш ва туршу ширин (себи антонӣ, лимӯ ва афлесун, қоти сурх, тути заминӣ ва ғ.) то 200г/дар рӯз дар шакли тару тоза ва шарбат аз онҳо;
– шир, ҷурғот, панир дар шакли табиӣ ё самбӯсаи панирӣ. Панир, қаймоқ ба миқдори кам;
– хамира (ғайр аз намуди тунд) аз сабзавот ва шир;
– хӯришҳо аз сабзавот, моҳии камравған;
– чой, чой бо шир, қаҳваи суст, шарбати помидор, шарбатҳои мевагӣ ва буттамевагӣ аз навъҳои турш;
– равғани маска ва растанӣ дар як рӯз 40г (дар шакли табиӣ ва тайёр кардани ғизо).
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз