ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
ДУШАНБЕ, 08.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Соҳибкори маҳаллӣ Дилшод Ҷамилов бо мақсади саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ манзили зисти ду оила — Отабек Кенҷаев ва Уғулой Мугуловаро дар деҳаи Танобчии поёни Ҷамоати деҳоти Танобчии ноҳияи Темурмалик таъмиру навсозӣ намуд.
Мухбири АМИТ «Ховар» дар ноҳияи Темурмалик ба хонаи ин нафаррон рафта, бо онҳо ҳамсуҳбат гардид.
Зимни суҳбат Уғулой Мугулова гуфт, ки ду фарзандаш маъюб мебошанд ва солҳои охир худаш ҳам бемор буда, ба нигоҳубин ниёз дорад.
Ба гуфтаи ӯ, навсозии хона он тараф истад, ҳатто орзуи таъмири хонаро намекардааст, чунки оилаи онҳо барои он на танҳо маблағ, ҳатто қувваи корӣ ҳам надоштааст.
«Хонаамон солҳои сол рӯи таъмирро надида буд ва дар ҳолати садамавӣ қарор дошт. Соҳибкор Дилшод Ҷамилов чанд соли охир аст, ки ба мо ва мисли мо барин хонаводаҳои ниёзманд, ки шумораашон аз 15 оила боло аст, ҳар моҳ ба маблағи 300 сомонӣ кӯмак мерасонад. Даъфаи охир вақте ба хонаи мо омад, аҳволи моро дида, ваъда дод, ки хонаамонро аз нав месозад», — афзуд ӯ.
Ҳоло корҳои сохтмонии манзили зисти Уғулой Мугулова ба анҷом расида, коргарон ба рангу бор ва таъмири даруни хона машғул ҳастанд.
Дар хонаи Отабек Кенҷаев ҳам корҳои сохтмонӣ бомаром идома дошт. Чанд нафар сокинони маҳаллӣ ба сохтмони хонаи ӯ ҷалб гардидаанд. Бо ин амали савоб ин соҳибкор на танҳо хонаи Отабек Кенҷаевро аз нав сохт, балки чанд нафар ҳамдеҳаашро бо ҷойи кор ҳам таъмин намуд.
Отабек Кенҷаев дар суҳбат баён кард, ки манзили зисти онҳо ҳам аз сабаби кӯҳнаю фарсуда шудан дар ҳолати садамавӣ қарор дошт.
«Агар дастгирии ҳамин соҳибкор намешуд, дар ягон рӯзи боронҳои шадид хонаамон чаппа мешуду шояд ягон ҳодисаи нохуш рух медод. Зеро чанд ҷойи деворҳои хона кафида буданду боми он мечакид. Шароити аз нав сохтани хонаро надоштам. Соҳибкор Дилшод Ҷамилов ин ҳолатро дида, ба навсозии хонаи мо оғоз кард. Ҳоло дар баробари сохмончиён ба кор машғулам ва ифтихор дорам, ки чунин ҳамдеҳа — ҷавонмарди саховатпешаи ватандӯст дорам», — гуфт ӯ.
Соҳибкор Дилшод Ҷамилов пеш аз сохтмони манзили зист барои ҳамдеҳагонаш ҳам, дар корҳои созандагию ободонӣ саҳми намоён гузоштааст. Бо дастгирии ӯ роҳҳои байни деҳа бетонпӯшу шағалпӯш гардонида шудааст. Барои таъмини бехатарӣ ва наздик шудани роҳ барои сокинон болои канали обгузар чандин купрӯк сохтааст.
Айни замон ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои зебо гардонидани ду тарафи роҳи калони мошингарди деҳа Дилшод Ҷамилов симтӯр, ниҳолҳои дарахтони ороишӣ ва гулу буттаҳо харидорӣ намудааст. Ӯ ин гулу бутта ва дарахтони ороиширо ба онҳое, ки хонаҳояшон дар ду тарафи роҳ ҷойгиранд, ройгон тақсим намудааст, то онҳоро шинонанд. Барои хуб нашъу намо ёфтани дарахтон ба ҳамдеҳагонаш дар таъмини дору ва дигар лавозимот ҳам кумак мерасонад.
Зимни суҳбат Дилшод Ҷамилов иброз дошт, ки «бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба саҳм гузоштан дар ободонии Ватан ин амалҳои савобро ба анҷом расонидам. Талош дорам, ки дар оянда аз ин бештар корҳои бузургро амалӣ намояму дар ободии деҳа ва ноҳия саҳми намоён гузорам».


«Вақте ин корҳоро ба анҷом мерасонидам, чандин нафароне ёфт шуданд, ки ба ман маслиҳат доданд барои савоби бештар гирифтан бо ин маблағҳо одамони камбизоатро ба сафари ҳаҷ равон намоям. Ба онҳо ҷавоб додам, тавре Сарвари давлатамон пайваста таъкид менамоянд, обод сохтани як гӯшаи Ватан, осон гардонидани мушкили як нафар, сохтари роҳу пул, мактабу бунгоҳҳои тиббӣ барои мардум савоби бештар дорад. Беҳуда нагуфтаанд, ки обод сохтани Ватан ибодат аст»,-тазаккур дод ӯ.
Боиси хушҳолист, ки дар ноҳияи Темурмалик ба мардуми камбизоат кумак расонидани соҳибкорон ва бо дастгирии онҳо обод гардонидани деҳаҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Дар ин ноҳия сол то сол сафи чунин соҳибкорони саховатпешаи ватандӯст меафзояд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






