16 НОЯБР — РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Бахшида ба он дар Данғара конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 15.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Данғара бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Шурои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон таҳти унвони «Пешвои миллат ва иттифоқҳои касаба» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи давлатии Данғара хабар медиҳад.
Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иброз дошт, ки Пешвои миллат иттифоқҳои касабаро ҳамчун ташкилоти бонуфузи оммавӣ вазифадор намуданд, ки рисолати хешро дар асоси принсипҳо ва арзишҳои миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, таҳкими сулҳу субот, татбиқи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии аъзои иттифоқи касаба ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар корманд ба роҳ монад. Дастоварду комёбиҳои беназири даврони соҳибистиқлолӣ далели хизматҳои бузургу арзишманди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Сарвари давлат дар мудддати кӯтоҳ тавонистанд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, барои халқи тоҷик шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созанд.
Президенти мамлакат дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои расидан ба Ваҳдати миллӣ ва таҳкиму мустаҳкам намудани Истиқлолияти давлатӣ борҳо ҷон дар хатар гузоштанд, то ки миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик ва давлати Тоҷикистон аз вартаи таназзулу маҳвшавӣ раҳо ёфта, сулҳу салоҳ дар мамлакат поянда бошад. Хизматҳои бузургу пурарзиши Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» қадрдонӣ шуда, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» қабул гардид.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меъмори давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот дар давлатамон мебошанд. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — иди бузурги умумимиллӣ, тантанаи волоияти қонун ва маҳбубияти хоссае мебошад ва месазад ба хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти сулҳофару бобаракат сипосгузорӣ намоем.
«Мо Рӯзи Президентро бо самимияту эҳтиром ва ғурури баланди миллӣ ҳамчун рӯзи адолату демократикунонии ҷомеа пешвоз гирифта, тамоми дастовардҳои замони идоракунии президентиро ба Истиқлолияти давлатӣ ва иқдомҳои неки Пешвои миллат вобаста медонем. Дар баробари ин, Президенти Тоҷикистон ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ бо пешниҳоду ташаббусҳои байналмилалӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мақоми хосса дошта, ин маҳбубият на танҳо боиси боварию эътиқоди мардуми Тоҷикистон, балки ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон аст. Бинобар ин мардуми Тоҷикистон Рӯзи Президентро ҳамчун иди бузурги миллӣ ва рамзи эҳтирому эътиқод таҷлил намуда, маҳбубияту шукргузории хешро дар ин рӯз ба Президенти мамлакат ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон самимона изҳор менамоянд»,- афзуд Маликшо Неъматзода.
Дар анҷоми конференсия як зумра фаъолони иттифоқҳои касаба бо нишонҳои ифтихории касбӣ ва сипосномаю ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.
Инчунин иштирокчиёни конференсия ба Осорхонаи мактабии Пешвои миллат дар ноҳияи Данғара рафта, бо ҳаёти даврони мактабии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуда, аз он як ҷаҳон таассуроти нек бардоштанд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Данғара









Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва MERI Centre for International Studies Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
МАОРИФ — САРМОЯИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба талаботи асри технология мутобиқ гардидааст
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Вестминстер Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд
Оид ба дастовардҳои илмии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш доир шуд
«Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030» баррасӣ гардид
Панҷ нуктаи омӯзанда аз Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо паёми Президенти Тоҷикистон
Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон синфхонаи замонавӣ барои донишҷӯён ба истифода дода шуд
Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ бо имконоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид






