7 НОЯБР-РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Имсол театрҳои касбии Тоҷикистон 30 асари нав ба саҳна гузоштанд
ДУШАНБЕ, 07.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар мамлакат Рӯзи Театри тоҷик таҷлил мешавад. Дар Тоҷикистон ҳунар ва санъат яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати фарҳангии Ҳукумати ҷумҳурӣ маҳсуб шуда, ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи неруи ақлониву зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, анъана, одобу ахлоқи ҳамида ва дигар муқаддасоти миллӣ дар ҷомеа мақоми арзандаро соҳиб шудааст. Ба муносибати ин санаи муҳим АМИТ «Ховар» тасмим гирифт бо Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода мусоҳибаи кӯтоҳ анҷом диҳад, ки дар зер онро манзури хонандагони сомона мегардонем.
АМИТ «Ховар». Солҳои охир дар Тоҷикистон шумораи театрҳо зиёд шуда, соҳа низ ба пешрафтҳои назаррас ноил мегардад. Бигӯед, ки ҳоло ҳайати эҷодии театрҳо чӣ тавр пурра гардонида мешавад?
Зулфия Давлатзода Қаблан мехостам ҳайатҳои эҷодии муассисаҳои театрии мамлакатро бо иди фарҳбахш- Рӯзи Театри тоҷик табрику таҳният гуфта, ба онҳо сиҳативу саломатӣ, бахту саодат ва дар зиндагию эҷодиёташон комёбиҳои беназир таманно намоям.
Воқеан, дар даврони соҳибистиқлолӣ дар мамлакат 4 театри нав таъсис дода шуда, алҳол шумораи умумии театрҳои касбӣ 18 ададро ташкил медиҳанд. Албатта, имрӯз санъати театрии мамлакат ба бисёр муваффақиятҳо ноил шудааст. Ман танҳо мехостам дар бораи пешравиҳои театрҳо дар соли равон каме сухан гӯям.
Тазаккур бояд дод, ки соли равон Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2023» дар сатҳи шоиста баргузор гардид, ки дар он 18 театри касбӣ иштирок намуда, лаёқату маҳорати хешро байни ҳамдигар санҷиданд.
Яке аз самтҳои фаъолияти муассисаҳои театриву консертӣ иштирок дар фестивалу ҷашнвораҳои байналмилалӣ бо мақсади муаррифии фарҳангу ҳунари миллӣ маҳсуб мешавад. Бо ин мақсад театрҳои мамлакат дар 6 ҷашнвораи байналмилалӣ иштирок ва ҳунарнамоӣ намуданд. Аз ҷумла, ҳайати эҷодии Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский дар Фестивали 25-уми байналмилалии театрҳои русӣ «Встречи в России» дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия ва Фестивали 1-уми байналмилалии санъати театрии «Евразия» дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон, Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе дар фестивали театрӣ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон иштирок намуданд.
Тавре медонем, аз 24 то 29 октябри соли равон Ҷашнвораи ҳафтуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» дар шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд баргузор гардид, ки дар он театрҳои лӯхтак аз 5 давлати хориҷӣ- Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Қазоқистон, Узбекистон ва Туркманистон иштирок намуданд.
Таҳия ва басаҳнагузории намоишҳо низ дар сатҳи хуб қарор дошта, имсол аз тарафи театрҳои касбӣ 30 асари нав саҳнавӣ гардид. Аз ин шумора дар театрҳои пойтахт 10 намоиш ва дар театрҳои музофотӣ 20 намоиш рӯйи саҳна омад.
Мавриди тазаккур аст, ки ин ҳама пешравию бурдбориҳо аз дастгирии ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳанд. Дар маҷмуъ фаъолияти муассисаҳои театрӣ шоистаи таҳсин буда, умед аст, ки дар оянда низ ин иқдом идома меёбад.
Бояд гуфт, ки пурра намудани муассисаҳои театрӣ аз ҳисоби хатмкунандагони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ва ҳамчунин аз ҳисоби донишҷӯёне, ки дар донишкадаҳои олии театрии Федератсияи Русия ва дигар давлатҳо таҳсил намудаанд, амалӣ мегардад.
АМИТ «Ховар»: Сохтмони Театри миллии Тоҷикистон дар кадом сатҳ қарор дорад ва марҳилаи ифтитоҳи он кай дар назар дошта шудааст?
Зулфия Давлатзода: Сохтмони Театри миллии Тоҷикистонро дирексияи сохтмони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад. Алҳол корҳои сохтмонӣ дар ин объекти муҳим босуръат идома доранд ва тибқи нақша он бояд дар арафаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Бинои Театри миллӣ дар паҳлуи Осорхонаи миллӣ ва боғи Парчами миллии Тоҷикистон қомат рост намуда, аз 2 ошёнаи зеризаминӣ ва 5 ошёнаи рӯйизаминӣ иборат мебошад, ки баландиаш ба 34,5 метр мерасад.
Тибқи лоиҳа, бинои Театр аз 3 толори калон ва толору утоқҳои дигар иборат мешавад. Толори асосии он дорои 2500 ҷойи нишаст ва 2 толори дигар- яке дорои 1200 ва дуюмӣ 1000 ҷойи нишаст мебошад. Баландии толори асосӣ 16-18 метр, дарозию паҳноии саҳнааш 30х21,6 метр буда, он ҳамчунин дорои ҷойи нишасти оркестр, ду саҳнаи паҳлуӣ, саҳнаи пушт, утоқҳои машқу тамрин ва дигар шароити зарурии сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.
АМИТ «Ховар»: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кадом давлатҳо ҳамкорӣ дорад ва он ба ҳаёти фарҳангии мамлакат чӣ таъсир мерасонад?
Зулфия Давлатзода: Тавсеаи равобит бо давлатҳо ва созмонҳои байналмилалии олам бо ҳифзи манофеи миллӣ ва риояи манфиати шарикон асоси сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Дар радифи дигар соҳаҳо фарҳанг низ рӯ ба пешрафту тараққӣ ниҳод ва ҳамкории фарҳангӣ бо давлатҳои мухталифи ҷаҳон рӯз то рӯз ривоҷ меёбад. Дар ин замина байни давлатҳои дигар дар соҳаи фарҳанг ҳудуди 80 созишномаю тафоҳумнома ва барномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд.
Дар айни замон масоили фарҳангӣ ва ҳамкории гуманитарӣ аҳамияти махсус дошта, ба такмилу густариши он дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ба монанди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ЮНЕСКО, Созмони исломӣ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг, Созмони Милали Муттаҳид ва ғайра эътибор дода мешавад. Ин ҳамкорӣ ба ҳифзи фазои ягонаи илмӣ, таълимӣ ва фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва мамлакатҳои гуногун нигаронида шудааст. Фестивалҳо, симпозиумҳо, конфронсҳо ва дигар чорабиниҳое, ки ба фарҳанг, забон ва арзишҳои дигари маънавии мардумон мусоидат менамоянд, мунтазам байни Тоҷикистон ва мамлакатҳои мухталиф баргузор мешаванд. Бинобар ин, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ваколатдори соҳаи фарҳангу санъати миллӣ ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ баҳри муаррифии фарҳангу санъати мамлакат дар арсаи ҷаҳонӣ ва таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ҳамеша саъю талош меварзад.
АМИТ «Ховар»: Вазорати фарҳанги Тоҷикистон баҳри пешбурди фарҳанг ва тарғиби ҳунару санъати тоҷик берун аз қаламрави мамлакат кадом нақшаҳоро амалӣ менамояд?
Зулфия Давлатзода: Нақшаи чорабиниҳои вазорат баҳри пешбурди фарҳанги миллӣ, ташаккули ҳувияти миллӣ ва тарғиби ҳунару санъати тоҷик берун аз қаламрави мамлакат дар асоси санадҳо, барномаҳо ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва комиссияҳои байниҳукуматии давлатҳои мухталиф амалӣ мешавад.
Ҳамзамон бо розигии тарафайн соли 2024 баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоми дӯстии Тоҷикистон ва Узбекистон ба нақша гирифта шудааст. Дар баробари ин давоми соли 2024 баргузорӣ ва иштироки намояндагони аҳли ҳунар дар якчанд чорабиниҳои байналмилалии фарҳангию театрӣ ва намоишҳо, фестивалҳо, симпозиумҳо, конфронсҳо ва дигар чорабиниҳое, ки мансуб ба соҳаи фарҳанг мебошанд, дар назар аст.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон