Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҳамкориро бо Намояндагии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон тавсеа мебахшад

Ноябрь 29, 2023 18:30

ДУШАНБЕ 29.11.2023/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода бо роҳбари Намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Ленни Монтиел  мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии мазкур.

Дар мулоқот ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкории муштарак байни Агентӣ ва Намояндагии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин замина таклифу пешниҳодҳо ҷиҳати ҳамоҳанг сохтани тадбирҳо ва ҳамкории самарабахш дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои коррупсионӣ ироа гардид.

Ҷонибҳо инчунин баҳри тавсеи ҳамкории мутақобилаи судманд дар самти муқовимат ба коррупсияи фаромиллӣ омодагии худро изҳор намуданд.

АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 29, 2023 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд