Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҳамкориро бо Намояндагии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон тавсеа мебахшад
ДУШАНБЕ 29.11.2023/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода бо роҳбари Намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Ленни Монтиел мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии мазкур.
Дар мулоқот ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкории муштарак байни Агентӣ ва Намояндагии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин замина таклифу пешниҳодҳо ҷиҳати ҳамоҳанг сохтани тадбирҳо ва ҳамкории самарабахш дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои коррупсионӣ ироа гардид.
Ҷонибҳо инчунин баҳри тавсеи ҳамкории мутақобилаи судманд дар самти муқовимат ба коррупсияи фаромиллӣ омодагии худро изҳор намуданд.
АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд






