Ҳайати Тоҷикистон дар форуми минтақавӣ — ҷаласаи роҳбарони Кумитаҳои ҳолатҳои фавқулодаи давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок дорад

Ноябрь 10, 2023 16:00

ДУШАНБЕ, 10.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон форуми минтақавӣ — ҷаласаи роҳбарони кумитаҳои ҳолатҳои фавқулодаи давлатҳои Осиёи Марказӣ ба кор оғоз намуд, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии  Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода иштирок дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар медиҳад.

Дар ҷараёни мулоқот якчанд лоиҳаҳо ҷиҳати таҳкими ҳамкории минтақавии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ, пешгирӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода баррасӣ мешаванд.

Дар поёни ҷаласа қабули санади ниҳоии форуми минтақавӣ — ҷаласаи роҳбарони вазоратҳои ҳолатҳои фавқулодаи давлатҳои Осиёи Марказӣ дар назар аст.

Дар нишаст раҳбарони бахшҳои наҷоти давлатҳои Осиёи Марказӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок доранд.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 10, 2023 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид