Ҳайати Тоҷикистон дар конференсияи байналмилалӣ дар шаҳри Тошканд иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 04.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. 2 ноябр ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода дар Конференсияи байналмилалӣ оид ба таъсиси платформаи минтақавӣ ҷиҳати мусоидат ба татбиқи босуръати Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия, ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар медиҳад.
Ҳайати Тоҷикистон доир ба мавзуи баррасишаванда ва мавқеи мақомот вобаста ба таъсиси платформаи минтақавӣ ибрози андеша намуд.
Таъкид гардид, ки ин платформа ба раванди татбиқи меъёрҳои Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия таъсири мусбат расонида, барои муқовимати дастҷамъона ба коррупсия дар сатҳи минтақа заминаи мусоид фароҳам меорад.
Иштирокчиён омодагию ҳавасмандии хешро ҷиҳати таъсиси платформаи минтақавӣ ва дар ин замина бурдани муқовимати дастҷамъона бар зидди коррупсия дар сатҳи минтақа иброз намуданд.
АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия









Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






