Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии 11-уми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои иштирокдори ИДМ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 09.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. 8 ноябр дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия вохӯрии 11-уми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия.
Дар вохӯрӣ ҳайатҳои давлатҳои Арманистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Беларус, Узбекистон ва Молдова иштирок намуданд.
Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода дар нишаст иштирок намуд.
Дар нишаст котибони шуроҳои амнияти давлатҳои иштирокдори ИДМ масъалаҳои хавфу таҳдидҳо ба амнияти байналмилалӣ дар ҷаҳон ва дар фазои ИДМ, таъмини суботу оромии давлатҳои ИДМ дар шароити афзоиши таҳдидҳои гибридӣ, масъалаҳои истифодаи об ва ҳамкорӣ дар соҳаи идора, истифода ва ҳифзи муштараки захираҳои обро баррасӣ намуданд.
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон ҳамзамон оид ба масъалаҳои баррасишуда сухан гуфт.
Дар ҳошияи чорабинӣ котибони шуроҳои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия нақшаи ҳамкории дастгоҳҳои шуроҳои амнияти ҳарду давлатро барои солҳои 2024-2025 ба имзо расониданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия








Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 76 фоиз иҷро гардид
Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони ноҳияи Деваштичро ба хизмати ҳарбӣ гусел карданд
Ҷавонони шаҳри Ваҳдатро бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони ватандӯсти Панҷакент барои хизмат ба Ватан ба сафи Артиши миллӣ рафтанд






