«Амонатбонк» ва Бонки давлатии рушди Чин ба маблағи 100 миллион юан созишномаи қарзӣ ба имзо расониданд

Ноябрь 18, 2023 09:46

ДУШАНБЕ, 18.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии   «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва Бонки давлатии рушди Чин ба маблағи 100 миллион юан созишномаи қарзӣ ба имзо расониданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар «Амонатбонк» хабар доданд.

Созишнома аз ҷониби Раиси Раёсати «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ ва Президенти Бонки давлатии рушди Чин Тан Тсзюн ба имзо расонида шуд.

Ҳадафи асосии ба имзо расонидани созишномаи қарзӣ- ин пешниҳоди қарзҳои хурд барои рушди соҳаи кишоварзӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ворид намудани техникаву технологияҳои истеҳсоли молу маҳсулоти воридотивазкунанда, инчунин соҳибкороне, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин молу маҳсулот ворид менамоянд, мебошад.

Бояд гуфт, ки 17 ноябр ҷиҳати ба имзо расидани Созишномаи нави қарзӣ Президенти Бонки давлатии рушди Чин Тан Тсзюн бо гурӯҳи мутахассисони бонк ба Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ташриф овард.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳамкории дуҷонибаи байнибонкӣ ва густариши ҳамкорӣ дар самтҳои мухталиф ибрози назар намуданд.


Таъкид гардид, ки давоми 15 соли ҳамкорӣ байни бонкҳо 10 созишнома, аз ҷумла 9 созишномаи қарзӣ ба маблағи 81,5 миллион доллари ИМА, 1 созишнома оид ба рушди ҳамкории дуҷониба ва 1 ёддошти тафоҳум оид ба бозомӯзии кормандони «Амонатбонк» ба имзо расонида шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки тавассути ҳамкории судманди дуҷониба байни «Амонатбонк» ва Бонки давлатии рушди Чин то имрӯз беш аз 81,5 миллион доллари ИМА маблағ ҷудо шуда, дар ин замина 74 лоиҳаҳои мухталиф дар 36 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маблағгузорӣ гардиданд.

Аз ин маблағҳо 35% фоизи онҳо ба рушди соҳаи кишоварзӣ, 46% ба рушди соҳаи саноат ва 19% ба дастгирии соҳибкории хурду миёна равона гардидааст. Инчунин ба 4200 мизоҷ барои рушди фаъолияти соҳибкории хурду миёна қарзҳои хурд ҷудо шуда, дар натиҷаи татбиқи лоиҳаҳо дар бозори меҳнати мамлакат зиёда аз 6900 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

Ноябрь 18, 2023 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид
Дар доираи «TAJ-TECH 2026» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд
Дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Дар Қатар маросими таъсиси Фонди ҳамкорӣ ва рушди Чин – Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таъсиси Фонди минтақавии рушди фазои рақамии соҳибихтиёрӣ дар Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснулин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Дар доираи Sibos 2026 ҳамкории Тоҷикистон бо SWIFT баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1093 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид