«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар ноҳияи Данғара бо иштироки ҷавонони фаъоли мамлакат ҳамоиш доир шуд

Ноябрь 10, 2023 17:00

ДУШАНБЕ, 10.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31- солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара ҳамоиши «Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат» бо иштироки ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ, аз ҷумла ҷавонони вазорату идораҳо, устодону донишҷӯён, ва иштирокчиёну ғолибони озмунҳои  «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва «Илм -фурӯғи маърифат» доир шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Қабл аз оғози ҳамоиш иштирокчиëн бо намоиши дастовардҳои донишҷӯëни донишгоҳ ва ҷараëни таълим дар ин муассиса шинос шуданд.

Ҷавонони фаъоли мамлакатро, ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Данғара сафар намуданд, бо гирифтани акси хотиравӣ роҳбарияти ноҳия истиқбол намуда, ба тамошои дастҷамъонаи Осорхонаи мактабии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара роҳнамоӣ намуданд.

Дар ҳамоиш роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки давоми солҳои истиқлолият  ҷавонони мамлакат дар амри расидан ба ҳадафҳои бузурги миллӣ саҳми назаррас гузоштанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Пешвои миллат  ба маҷмуи дастовард, ташаббусу корномаҳои  ҷавонон пайваста таҳсин мехонанд  ва ба фаъолияти ҷавонони мамлакат баҳои баланд  дода, эътимоди қавӣ доштанашонро ба онҳо иброз менамоянд.


Иштирокдорон оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории тоҷикон, саҳми Президенти мамлакат дар сулҳу субот ва оромии ҷомеа, ифтихор аз арзишҳои миллати куҳанбунёд ва тарбияи насли наврас дар руҳияи хештаншиносӣ сухан гуфта, садоқати бепоёни худро ба Пешвои миллат изҳор доштанд.

Тазаккур дода шуд, ки Рӯзи Президент ва 31-солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми тоҷик ҷашнҳои муҳим ва сарнавиштсозу тақдирсоз мебошанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо далерӣ ва ҷасорату мардонагӣ тақдири ояндаи миллатро ба даст гирифта, дар таъмини сулҳу ваҳдати саросарӣ, оромию субот, сарҷамъии миллат, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, боло рафтани нуфузу эътибори мамлакат дар арсаи ҷаҳонӣ ва ободу шукуфоии Тоҷикистон саҳми беназир доранд.

Дар ҳамоиш ҷавонони фаъол иброз намуданд, ки «мо талош менамоем дар татбиқи ғояҳои низоми давлатдорӣ, ки аз ҷониби Пешвои миллат мушаххас гардидаанд, саҳм гузошта, иштироки сазовори ҷавононро дар равандҳои бунёдкоронаи ҷомеаи мамлакат таъмин намоем».

Ёдовар мешавем, ки қабл аз сафар ба ноҳияи Данғара ҷавонони мамлакатро дар даромадгоҳи шаҳри Норак роҳбарияти шаҳр истиқбол намуданд.

Нахуст ҷавонон бо Осорхонаи «Дӯстии халқҳо»-и шаҳри Норак шинос шуданд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

Душанбе-Норак-Данғара

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 10, 2023 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
Дар саросари Тоҷикистон иқдоми ҷумҳуриявии «Гулгардонӣ» оғоз гардид
«ЗАН-МАЗҲАРИ ПОКИЗАГӢ». Аз 1 март то 31 май иқдоми ҷумҳуриявии ободкорию тозакорӣ баргузор мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУДОФИАИ ШАҲРВАНДӢ. Дар Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 78 ҳазор аҳолӣ 369 маротиба машқ гузаронида шуд
Дар Душанбе оид ба ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат вохӯрӣ доир шуд
«СКАЛА – 2026». Дар Тоҷикистон тамрини махсуси байналмилалии наҷотдиҳӣ доир мегардад
Дар Тоҷикистон ҳавои рӯзи аввали моҳи март бебориш пешгӯӣ мешавад
ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ! Анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Касбомӯзӣ метавонад яке аз роҳҳои муассири пешгирии гаравиши наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро бошад
Табибони тоҷик боз як усули нави ҷарроҳиро амалӣ намуданд
Маърузаи навбатии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Президенти Тоҷикистон пешниҳод гардид