«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар ноҳияи Данғара бо иштироки ҷавонони фаъоли мамлакат ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 10.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31- солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара ҳамоиши «Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат» бо иштироки ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ, аз ҷумла ҷавонони вазорату идораҳо, устодону донишҷӯён, ва иштирокчиёну ғолибони озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва «Илм -фурӯғи маърифат» доир шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Қабл аз оғози ҳамоиш иштирокчиëн бо намоиши дастовардҳои донишҷӯëни донишгоҳ ва ҷараëни таълим дар ин муассиса шинос шуданд.
Ҷавонони фаъоли мамлакатро, ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Данғара сафар намуданд, бо гирифтани акси хотиравӣ роҳбарияти ноҳия истиқбол намуда, ба тамошои дастҷамъонаи Осорхонаи мактабии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара роҳнамоӣ намуданд.
Дар ҳамоиш роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки давоми солҳои истиқлолият ҷавонони мамлакат дар амри расидан ба ҳадафҳои бузурги миллӣ саҳми назаррас гузоштанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Пешвои миллат ба маҷмуи дастовард, ташаббусу корномаҳои ҷавонон пайваста таҳсин мехонанд ва ба фаъолияти ҷавонони мамлакат баҳои баланд дода, эътимоди қавӣ доштанашонро ба онҳо иброз менамоянд.


Иштирокдорон оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории тоҷикон, саҳми Президенти мамлакат дар сулҳу субот ва оромии ҷомеа, ифтихор аз арзишҳои миллати куҳанбунёд ва тарбияи насли наврас дар руҳияи хештаншиносӣ сухан гуфта, садоқати бепоёни худро ба Пешвои миллат изҳор доштанд.
Тазаккур дода шуд, ки Рӯзи Президент ва 31-солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми тоҷик ҷашнҳои муҳим ва сарнавиштсозу тақдирсоз мебошанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо далерӣ ва ҷасорату мардонагӣ тақдири ояндаи миллатро ба даст гирифта, дар таъмини сулҳу ваҳдати саросарӣ, оромию субот, сарҷамъии миллат, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, боло рафтани нуфузу эътибори мамлакат дар арсаи ҷаҳонӣ ва ободу шукуфоии Тоҷикистон саҳми беназир доранд.
Дар ҳамоиш ҷавонони фаъол иброз намуданд, ки «мо талош менамоем дар татбиқи ғояҳои низоми давлатдорӣ, ки аз ҷониби Пешвои миллат мушаххас гардидаанд, саҳм гузошта, иштироки сазовори ҷавононро дар равандҳои бунёдкоронаи ҷомеаи мамлакат таъмин намоем».
Ёдовар мешавем, ки қабл аз сафар ба ноҳияи Данғара ҷавонони мамлакатро дар даромадгоҳи шаҳри Норак роҳбарияти шаҳр истиқбол намуданд.
Нахуст ҷавонон бо Осорхонаи «Дӯстии халқҳо»-и шаҳри Норак шинос шуданд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
Душанбе-Норак-Данғара
АКС: АМИТ «Ховар»











Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд






