БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Истаравшан Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ бунёд мегардад

Ноябрь 20, 2023 16:44

ДУШАНБЕ, 20.11.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Истаравшан ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди якчанд иншооти гуногун идома дорад. Раиси вилояти Суғд дар шаҳр бо фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ шинос гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Раиси вилоят корҳои сохтмонии​ Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Исмоили Сомониро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.​ Лоиҳаи боғ бо фармоиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кохи сафед»-и шаҳри Душанбе таҳия гардидааст. Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ дар ҳудуди Муассисаи давлатии таълим ва истироҳати шаҳр дар масоҳати қариб 3 гектар бунёд мешавад.

Бо мақсади рушду нумӯи фарҳанги миллӣ ва боз ҳам ободу зебо намудани шаҳри Истаравшан бо дастгирии роҳбарияти вилоят ва маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳакимияти давлатии вилояти Суғд сохтмони Қасри фарҳанги шаҳр низ идома дорад.​ Корҳои сохтмони Қасри фарҳанг борои 1000 ҷойи нишаст дар хиёбони Исмоили Сомонӣ аз ҷониби пудратчӣ- Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд идома дошта, зимни шиносоӣ бо корҳо барои бо сифати баланд ба охир расонидани он тавсияҳо дода шуд.

Раиси вилоят дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҳамзамон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар маҷмааи хизматрасонии «Шоҳроҳи абрешим» шинос гардид.

Сохтмони маҷмааи бисёрфунксионалии «Шоҳроҳи абрешим» аз тарафи ҶДММ «Мабдаи Нур»- фармоишгар ва пудратчии он амалӣ шудааст.​ Лоиҳаи маҷмаа аз тарафи ширкати лоиҳакашии «Архиком-К»-и шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо мутахассисони Ҷумҳурии Қазоқистон омода шуда, дар ҷараёни сохтмон аз ҷониби ин ширкат назорати муаллифӣ бурда мешавад. Дар ошёнаи якуми маҷмаа дар масоҳати 4500 м2 мағозаи бузург, ки дар як вақт ба 500 нафар мизоҷ хизмат мерасонад, бунёд мегардад.​ Дар ошёнаҳои дигар​ маркази савдо ва хизматрасонӣ, аз ҷумла мағозаҳои фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва армуғонҳои сайёҳӣ, нуқтаи хизматрасонӣ ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ амалӣ шуда, қаҳвахона, ошхона, кинотеатр, нуқтаҳои хизматрасонӣ ташкил мегарданд.

Раиси вилоят инчунин бо​ сохтмони Мактаб-интернат барои кӯдакони ятим, бинои иловагии маркази саломатии рақами 1, бинои ҷамоати Гули сурх, кӯдакистон барои 200 нафар,ҳамзамон бо фаъолияти ҶДММ «Авангард», ки ба истеҳсоли равғани муҳаррик ва ҶДММ «Асри обод», ки мебел истеҳсол менамояд, шинос гардид.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

 

Ноябрь 20, 2023 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Шаҳритус 327 иншооти таъйиноти гуногун бунёд мешавад
Дар деҳаи «Кач-камар»-и Ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шуд
Сокинони деҳаи Дӯстии ноҳияи Ховалинг бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Бунёди бинои баландошёна дастрасии сокинони шаҳри Хоруғро ба манзили истиқоматӣ осон мегардонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Варзоб пули мошингузар бо иқтидори 60 тонна ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Хоруғ коргоҳи коркарди гиёҳҳои шифобахш таъсис меёбад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дар 10 моҳ 8 корхонаи саноатӣ фаъолият намудааст
Дар деҳаи Сангпари Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб Маркази хизматрасонӣ ва дорухонаи байтории замонавии «Рахш» ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд вобаста ба масъалаҳои мубрами назарӣ ва амалии фанҳои санъати тасвирӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Деҳаи Хуҷабулоқи ноҳияи Балҷувон соҳиби мактаби замонавӣ гардид
Дар деҳаи Қалъаи Лаби оби ноҳияи Тоҷикобод Маркази фарҳангӣ-фароғатӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Ваҳдат бинои Маркази ташхиси санитарию эпидемиологӣ ба истифода дода мешавад