БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ҳамоиши илмӣ доир гардид

Ноябрь 23, 2023 09:55

 ДУШАНБЕ, 23.11.2023 /АМИТ «Ховар»/.  22  ноябр дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев таҳти унвони «Парчамат бодо парафшон Тоҷикистон!» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш ректори донишгоҳ оид ба таърихи парчамдории халқи тоҷик, ки аз давраи қадим соҳиби давлату парчам буд, сухан гуфт.

Иброз гардид, ки дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат бо заҳмату кӯшишҳои хастагинопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами нави давлатӣ қабул шуд.

Иштирокчиёни ҳамоиш аз ашъори шоирони муосири Бадахшон- устод Ширин Бунёд ва Хушомади Алидод шеърҳо бахшида ба Парчам қироат намуданд.

Инчунин  дар мавзуъҳои «Парчам- рамзи соҳибистиқлолӣ» ва «Парчами давлатӣ дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза пешниҳод гардид.

АКС: Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев

Ноябрь 23, 2023 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Русия мулоқот доир гардид
Такмили Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баррасӣ шуд
Масъалаҳои мубрами ҳуқуқшиносии муосир дар форуми байналмилалӣ дар Душанбе баррасӣ гардиданд
«ПИРИ ҲАКИМОНИ МАШРИҚЗАМИН». Рисолаи Сотим Улуғзода оид ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино
СИНО ВА ХАЙЁМ — СИМОҲОИ БАРҶАСТАИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ҳамоиши илмӣ доир шуд
Масъалаҳои густариши ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бо ЮНЕСКО баррасӣ шуданд
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар мавзуи «Ибни Сино дар шинохти Сотим Улуғзода» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Аврупо созишномаҳо ба имзо расонид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявии илмию амалӣ доир гардид
Беҳрӯз Табаров дар озмуни «Беҳтарин омӯзгори мактабҳои олии шаҳри Хабаровск» дар соли 2026 ҷойи якумро соҳиб шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсия доир шуд