Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамоиши илмӣ-бадеӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 13.11.2023, /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябр дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши зан-модар дар рушди маориф ва илми ҷумҳурӣ» ҳамоиши илмӣ-бадеӣ баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.
Ҳамзамон дар ҳамоиш рӯнамоии китоби мураттабнамудаи Лолаи Мирзо бо номи «Вақте муҳаббат самимист… » баргузор шуд, ки дар он намояндагони илму адаб, чеҳраҳои саршиносу маҳбуб ва дигар дӯстдорони китобу шеър иштирок намуданд.
Китоби «Вақте муҳаббат самимист…» ба фаъолияти пурсамари педагогии омӯзгори содиқ ба касб, Аълочии маорифи Тоҷикистон, муаллими хизматнишондодаи Тоҷикистон, шодравон Соҷида Аккалаева бахшида шудааст.
АКС: Донишгоҳи далатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ









Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд






