Барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соли 2024 озмун эълон гардидааст

Ноябрь 30, 2023 14:32

ДУШАНБЕ, 30.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ озмуни асарҳои адабиву ҳунарӣ, меъморӣ ва публитсистиро барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соли 2024 эълон менамояд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон иттилоъ доданд, пешбарӣ ва қабули асарҳои довталабон то 25 декабри соли 2023 идома меёбад.

Ба озмун асарҳое, ки дар соҳаҳои адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика ҳамчун дастоварди баландпояву гаронмояи эҷодӣ сазовори эътирофи ҳамагон шудаанд, пешниҳод мегарданд.

Ба дарёфти ҷоиза бояд асарҳои адабӣ, мусиқӣ, меъморӣ ва пажуҳишҳои хоссаи адабиёту санъат, ки давоми панҷ соли охир то санаи соли мукофотдиҳӣ эҷод ва бунёд гардидаанд, инчунин филмҳои синамоиву телевизионӣ, намоишҳои театриву телевизионӣ, барномаҳои консертии сарояндагӣ, навозандагиву рақсӣ ва асарҳои публитсистӣ, ки давоми се соли охир то санаи соли мукофотдиҳӣ манзури умум гардидаанд, пешниҳод мешаванд. Асарҳои пешбаришаванда бояд як сол пештар аз санаи соли мукофотдиҳӣ ба табъ расида, иҷро гардида, намоиш ёфта ва ё бунёд шуда бошанд.

Дар бахшҳои адабиёт — 1 ҷоиза, театр ва синамо — 1 ҷоиза, мусиқӣ ва ҳунарнамоӣ — 1 ҷоиза, санъати тасвирӣ ва меъморӣ — 1 ҷоиза, эҷодиёти бадеӣ барои кӯдакон ва наврасон (адабиёт, театр, синамо, мусиқӣ, санъати тасвирӣ…) — 1 ҷоиза, журналистика — 1 ҷоиза ва 1 ҷоизаи махсуси байналмилалӣ барои тарҷума, пажуҳиш ва тарғиби адабиёти тоҷик дар мамлакатҳои хориҷӣ (барои муаллифони хориҷӣ) муқаррар шудааст.

Як номзад наметавонад дар як вақт бо ду ё зиёда асари худ барои ҷоиза довталабӣ намояд.

Пешниҳоди такрории асарҳои тақдиршуда ё пештар ба ин ҷоиза пешбаригардидаву баррасишуда манъ аст.

Асари нави барҷастаи шахси барандаи собиқи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, агар падидаи фавқулодаи адабиву ҳунарӣ бошад, танҳо баъди 5 сол аз санаи мукофотгирии аввала ба озмун роҳ дода мешавад.

Барои гирифтани маълумот ва супоридани ҳуҷҷату маводи пешниҳодӣ ба нишонии зерин муроҷиат шавад: шаҳри Душанбе, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 8, қабулгоҳи Кумитаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ (бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ошёнаи 2), телефон: 224-57-49.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 30, 2023 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд