Барои кормандони мақомоти прокуратураи Тоҷикистон дар мавзуи пешгирии зӯроварӣ дар оила машғулияти назариявию амалӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 02.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони Дафтари САҲА дар Душанбе оид ба «Огоҳонидан, ошкор намудан ва тафтиши ҷиноятҳои алоқаманд ба зӯроварӣ дар оила» бо иштироки ёрдамчиён ва муфаттишони прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, прокуратураҳои ҳарбии гарнизонҳои Хоруғ ва минтақаи Рашт, ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш машғулияти назариявию амалӣ баргузор намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Прокуратураи генералӣ.
Тавре дар хабари расмии Прокуратураи генералӣ омадааст, ҳадафи баргузор намудани ин машғулият- такмил додани донишҳои назариявию амалӣ, баланд бардоштани тахассуси касбии кормандони мақомоти прокуратура дар самти назорат ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва таъмини ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои ҷабрдидаҳо, ки дар натиҷаи зӯроварӣ дар оила зарар дидаанд, мебошад.
Зимни машғулияти ин барномаи таълимӣ мафҳум ва моҳияти қонунгузории миллии мамлакат оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, ҳуқуқҳои субъектони зӯроварӣ дар оила, қонунгузории байналмилалӣ ва муқаррароти меъёрию ҳуқуқӣ вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, инчунин фаъолияти кормандони мақомоти прокуратура оид ба пешгирии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳои марбут ба зӯроварӣ дар оила мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода шуданд.
Машғулият аз ҷониби кормандони дастгоҳи Прокуратураи генералӣ ва муаллимони калони Донишкада бо усулҳои назариявӣ, интерактивӣ, амалӣ ва кор дар гурӯҳҳо амалӣ гардид.
Даври дуюми машғулият нимаи аввали моҳи ноябри соли равон бо кормандони Сарпрокуратураи ҳарбӣ, прокуратураҳои ҳарбии гарнизони Душанбе, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон, шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Турсунзода Ҳисор, Рӯдакӣ ва Варзоб баргузор мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид






