Бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фархор таъмиру навсозӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 09.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рўзи милитсияи тоҷик бинои маъмурии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор баъди таъмиру навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд, хабар дод ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Раиси ноҳияи Фархор Абдураҳмон Муҳидов.
Бинои мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор ва соҳибкорони саховатпешаи ноҳия пурра таъмиру навсозӣ гардида, дар он барои кормандон шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар маросими ифтитоҳи бинои нав оид ба беҳгардонии шароити кору зиндагӣ, сайқал додани маҳорати касбӣ ва хизмати содиқонаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ибрози андеша карда шуд.
Гуфта шуд, ки таъмини фазои орому босубот, ҳифзи пойдории сулҳу ваҳдат ва тартиботу амнияти ҷомеа дар мамлакат аз фаъолияти самарабахшу ватандўстонаи ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ вобаста аст.
Таъкид гардид, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бояд ҳамеша бо мардум бошанд, бо халқ муомила ва ҳамкории хуб дошта, бо рафтору кирдори нек, интизоми баланди хизматӣ, такмили пайвастаи малака ва маҳорати касбии худ эътибору нуфузи намояндаи ҳокимиятро нигоҳ доранд ва дар роҳи риояи қонуният худашон намуна бошанд.
Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон бахшида ба Рўзи милитсия иброз доштанд: «Милитсия симои давлату давлатдорист ва бо вайронкунандагони қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ оштинопазир мебошад. Итминон дорам, ки аз афсарони баландрутба то хизматчиёни қаторӣ минбаъд низ барои ҳифзи тартибот, таъмини зиндагии осоиштаи мардум, пуштибонии сулҳу субот ва таҳкими волоияти қонун дар ҷомеа нерўи маънавию ҷисмонӣ, маҳорати касбӣ ва донишу малакаи худро дареғ намедоранд ва ба халқу Ватани азизамон беғаразона, бо дасту дили пок ва содиқонаву софдилона хизмат менамоянд».
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор








Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд






