Бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Садоқат» дар «Кохи Суруш» консерти хайриявӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 30.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 16 декабр бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Садоқат» дар «Кохи Суруш»-и шаҳри Душанбе бо иштироки беҳтарин ҳунармандони мамлакат консерти хайриявӣ баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ташкилоти ҷамъиятии «Садоқат» нақша дорад, ки ду лоиҳаи барои мардуми деҳот муҳим: лоиҳаи таъсиси Маркази омӯзишии ҷавонон ва занҳо дар ноҳияи Деваштич ва лоиҳаи сохтмони бинои нави Маркази саломатии деҳаи Некноти ноҳияи Панҷакентро татбиқ намояд.
Пеш аз консерт намоиш ва фурӯши маҳсулоти занони дорои маъюбият ташкил карда мешавад
Ҳадаф аз татбиқи ин лоиҳаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Садоқат” саҳмгузорӣ дар беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тандурустӣ ва маориф тавассути сохтмон ва таъмири беморхонаву муассисаҳои таълимӣ дар маҳаллҳо мебошад.
АКС: Ташкилоти ҷамъиятии «Садоқат»








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






