БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ БАРОИ СОЛИ 2024. Дар бахши кишоварзӣ, моҳидорӣ ва ҷангал зиёда аз 1,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст

Ноябрь 22, 2023 09:30

ДУШАНБЕ, 22.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2024 ба соҳаҳои кишоварзӣ, моҳидорӣ ва шикор 250 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба нишондоди соли 2023 наздики 17 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Барои татбиқи «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда» соли 2024 9,4 млн. сомонӣ равона карда мешавад, ки нисбат ба соли 2023 ду маротиба зиёд аст. Дар маҷмӯъ, дар бахши кишоварзӣ, моҳидорӣ ва ҷангал дар соли 2024 зиёда аз 1,4 млрд. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки бо дарназардошти имтиёзҳои андозию гумрукӣ ба рушди соҳа мусоидат хоҳад кард.

Дар ин хусус зимни баррасии Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2025-2026» дар ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки 15 ноябри соли 2023 баргузор гардид, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода иттилоъ дод.

Номбурда иброз дошт, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир новобаста аз вазъи ҳассос дар робитаҳои иқтисодии байни давлатҳо, пуршиддат гаштани рақобатҳо дар бозори истеъмолӣ, хусусан таъмини маводи озуқаворӣ, тахдидҳои нави глобалӣ, ба мисоли тағйирёбии иқлим, касалиҳои сироятӣ, низоъҳои ҳарбӣ дар минтақаҳои ба мо наздики ҷаҳон, ки таъсираш ба вазъи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикстон мерасад, тадбирҳои мушаххасро барои таъмини рушди устувори соҳаҳои иқтисодиёти воқеӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ андешида мешавад.

«Солҳои охир дар соҳаҳои мухталифи комплекси агросаноатии мамлакат якчанд барномаҳои давлатӣ татбиқ шуда истодаанд, ки албатта, барои таъмини рушди маҷмӯии соҳа мусоидат мекунанд. Дар Лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2024 бо назардошти аҳамияти истифодаи оқилонаи захираҳои об, барои идораи он 9,4 млн. сомонӣ ва амалисозии назорат дар ин соҳа наздик ба 103 млн. сомонӣ, инчунин пешбурди сиёсати техникӣ ва рушди инфрасохтори кишоварзӣ наздик ба 51 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст»,-иловар кард номбурда.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 22, 2023 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 дар вилояти Хатлон 46 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ таъсис дода шуд
Ҳавопаймои нави Boeing 737-8 MAX ба Тоҷикистон ворид карда шуд
«МЕЪМОР-2026». Намоиш — озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар вилояти Суғд доир мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Носири Хусрав моҳи август ҷамъоварии пахта оғоз мегардад
«ЭКО-2026». Дар мавзеи Ҳафткӯли шаҳри Панҷакент Ниммарафони панҷуми кӯҳӣ баргузор мешавад
Дар Душанбе Намоиши байналмилалии маҳсулоти саноати хӯрокворӣ ва бастабандии «UPAK EXPO 2026» доир мегардад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон ҳаҷми муайяни маҳсулоти кишоварзӣ захира гардидааст
Афзалияти Тоҷикистон дар соҳаи энергетика дар СММ муаррифӣ гардид
Имсол дар Тоҷикистон беш аз 240 ҳазор нафар кӯдакон ба синфи якум мераванд
Дар шаш моҳ беш аз 199 ҳазор сайёҳ маконҳои таърихӣ-фарҳангии шаҳри Кӯлобро тамошо намуданд
Оид ба сохтмони корхонаи саноатии коркарди маҳсулоти мазут дар ноҳияи Шуғнон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Бохтар лоиҳаи «Шаҳри бехатар» амалӣ мегардад