Дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 18.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ба номи Наврӯз Восиев баъди навсозӣ ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Дар маросими ифтитоҳи иншооти соҳаи маориф намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Айнӣ иштирок намуданд.
Бинои муассиса соли 1990 сохта шуда, бо гузашти солҳо ба таъмиру навсозӣ ниёз дошт. Дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми соҳибкорони ватандӯст ва сокинони меҳнатқарини деҳаи Дарғ бинои муассиса пурра навсозӣ шуда, дар он шароити муосири донишандӯзӣ фароҳам оварда шудааст.
Ҳамзамон сокини ҳамин деҳа Одинабика Восиева маблағи барои ҳаҷ ҷамънамудаашро барои навсозии мактаби деҳа сарф намудааст. Масоҳати умумии қитъаи замини муассиса 1,60 гектар буда, бинои мактаб аз се ошёна иборат мебошад. 26 синхонаи таълимӣ, кабинетҳои фаннӣ, утоқҳои кории омӯзгорон ва дигар иншооти ёрирасон ба системаи ягонаи гармидиҳии худӣ пайваст буда, дар фасли тирамоҳу зимистон дохили бинои таълимӣ гарм нигоҳ дошта мешавад.
Бо мақсади ҷалби хонандагон ба омӯзиши фанҳои дақиқ дар муассиса кабинетҳои фаннӣ, аз ҷумла фанни физика, химия, биология ва иттилоот бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз буда, таълим бо истифода аз технологияи навтарин амал менамояд.
Ҳоло дар ин муасисаи таълимӣ қариб 300 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, 30 омӯзгор барои дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ ба камол расидани шогирдони худ заҳмат мекашанд.
Гуфта шуд, ки дар доираи корҳои созандагиву ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Айнӣ бунёд, таъмиру навсозии беш аз 15 иншооти соҳаи маориф ба нақша гирифта шуда, корҳои созандагӣ бо маром идома доранд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Академияи идоракунии давлатӣ китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва арҷгузорӣ ба мақоми занон дар ҷомеа» рӯнамоӣ гардид
Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба раддабандии байналмилалии таҳқиқоти илмии байнифаннӣ барои соли 2027 ворид шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН ВА ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Озмуни байналмилалии Cezeri Fest 2026 соҳиби ҷойи якум шуданд
ТАҲСИЛ КАРДАН ДЕРӢ НАДОРАД. Зиёда аз 8 ҳазор хонанда дар мактаби ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Маркази имтиҳонии «linguaskill» ба фаъолият оғоз намуд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА ТАШАККУЛИ НИЗОМИ НАВИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТ. Андешаҳо дар ин маврид
Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо сертификати «Беҳтарин маркази забономӯзӣ» сарфароз гардонида шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд






