Дар деҳаи «Ваҳдат»-и ноҳияи Хуросон пули мошингузар ба истифода дода шуд

Ноябрь 19, 2023 13:03

ХУРОСОН, 19.11.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Дар деҳаи “Ваҳдат”-и Ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон пули мошингузар бо иқтидори 60 тонна мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус сармеъмори ноҳияи Хуросон Қурбонмуҳаммад Қурбонов ба хабарнигори минтақавии АМИТ  «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.

Пули ин деҳа дар натиҷаи бориши зиёд ва омадани сел  корношоям шуда, рафту омади сокинони деҳа мушкил гардида буд.

Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ва саҳми аҳолии ин деҳа бо маблағи нуҳсад ҳазор сомонӣ пули деҳа бунёд шуд. Ба хотири он ки пул бо омадани сели зиёд вайрон нагардад, таҳкурсии онро тибқи қоидаҳои меъморӣ мустаҳкам бунёд намудаанд, то ба селҳои азим тобовар бошад. Акнун рафту омади сокинони деҳаҳои Ваҳдат ва Ҳисорободи Ҷамоати деҳоти Фахробод  дар ҳамаи фасли сол ба маркази ноҳия ва ҷумҳурӣ осон гардид.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон   барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани  ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 244  иншооти гуногунро ба нақша гирифтааст, ки  то имрӯз 109 иншоот мавриди баҳрабардорӣ   қарор гирифтаанд.

Мувофиқи нақша, то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ  21 иншоот дар соҳаи тандурустӣ, 23 иншоот дар соҳаи маориф, 15 иншоот  дар соҳаи саноат ва дигар иншооти варзишию фарҳангӣ ва марказҳои хизматрасонию биноҳои истиқоматӣ  сохта, ба истифода дода мешаванд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон

Ноябрь 19, 2023 13:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд