Дар деҳаи «Ваҳдат»-и ноҳияи Хуросон пули мошингузар ба истифода дода шуд
ХУРОСОН, 19.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи “Ваҳдат”-и Ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон пули мошингузар бо иқтидори 60 тонна мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус сармеъмори ноҳияи Хуросон Қурбонмуҳаммад Қурбонов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.
Пули ин деҳа дар натиҷаи бориши зиёд ва омадани сел корношоям шуда, рафту омади сокинони деҳа мушкил гардида буд.
Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ва саҳми аҳолии ин деҳа бо маблағи нуҳсад ҳазор сомонӣ пули деҳа бунёд шуд. Ба хотири он ки пул бо омадани сели зиёд вайрон нагардад, таҳкурсии онро тибқи қоидаҳои меъморӣ мустаҳкам бунёд намудаанд, то ба селҳои азим тобовар бошад. Акнун рафту омади сокинони деҳаҳои Ваҳдат ва Ҳисорободи Ҷамоати деҳоти Фахробод дар ҳамаи фасли сол ба маркази ноҳия ва ҷумҳурӣ осон гардид.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 244 иншооти гуногунро ба нақша гирифтааст, ки то имрӯз 109 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
Мувофиқи нақша, то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 21 иншоот дар соҳаи тандурустӣ, 23 иншоот дар соҳаи маориф, 15 иншоот дар соҳаи саноат ва дигар иншооти варзишию фарҳангӣ ва марказҳои хизматрасонию биноҳои истиқоматӣ сохта, ба истифода дода мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон








СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои роҳ ва пулҳои мошингард дар минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 17 иншоотро дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






