Дар ҶДММ «Шаҳри зебои мо» 14 намуд маҳсулоти макаронии «Лазоли» истеҳсол мешавад

Ноябрь 1, 2023 11:30

ДУШАНБЕ, 01.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар шаҳри Душанбе корхонаи истеҳсоли макарони ҶДММ «Шаҳри зебои мо» фаъол гардид, ки дар он дар як баст 14 намуд маҳсулоти макаронӣ бо номи “Лазоли” истеҳсол шуда, 35 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ шуд.

Ёдовар мешавем, ки 31 октябр аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ- саноатикунонии босуръати мамлакат 7 корхонаи калони саноатӣ бо беш аз 4000 ҷойи кор мавриди истифода қарор дода шуд.

Яке аз онҳо корхонаи истеҳсоли макарони ҶДММ «Шаҳри зебои мо» мебошад.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 3 ҳазор тонна мебошад.

Ин навъи маҳсулоти ғизоӣ ивазкунандаи воридот буда, талаботи аҳолӣ ба он зиёд аст. Дастгоҳу таҷҳизоти корхонаи навбунёд аз Италия харида ва насб гардидааст.

Корхонаи истеҳсоли макарон бо мақсади таъмин намудани бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти хӯрокворӣ аз тарафи соҳибкорони ватанӣ таъсис дода шуд.

Роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шаҳри зебои мо”  тасмим гирифтаанд, ки бо истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, бахусус навъҳои гуногуни макарон аҳолиро бо маҳсулоти хушсифати ордӣ таъмин намуда, дар таъмини яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – таъмини амнияти озуқаворӣ ҳиссаи арзанда гузоранд.

Бунёду ба истифода додани корхонаҳои нави саноатӣ барои таъсиси ҷойҳои нави кор, таъмини аҳолӣ бо шуғли доимӣ, беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, тараққиёти иқтисодиёти мамлакат ва рушди соҳаи саноат заминаи мусоид фароҳам меорад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Ноябрь 1, 2023 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд