Дар доираи Барномаи индикативии Иттиҳоди Аврупо барои солҳои 2021- 2024 ба самтҳои афзалиятноки Тоҷикистон 91 миллион евро равона мегардад

Ноябрь 28, 2023 14:40

ДУШАНБЕ, 28.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи марҳилаи аввали Барномаи индикативии Иттиҳоди Аврупо барои солҳои 2021- 2024  ба самтҳои афзалиятноки Тоҷикистон 91 миллион евро равона мегардад. Лоиҳаи нави Барномаи бисёрсолаи индикативии Иттиҳоди Аврупо барои солҳои 2024-2027 дар ҳолати таҳия қарор дошта, ҳаҷми маблағгузории он соли 2024 муайян мешавад.  Дар ин хусус 27 ноябр дар  ҷаласаи 10-уми Кумитаи ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, ки  дар шаҳри Брюссели Белгия таҳти ҳамраисии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва Сарпарасти давлатҳои Осиёи Марказӣ, Сардори Департаменти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо Люк Девин баргузор гардид, иттилоъ дода шуд. Дар ҷаласи мазкур ҷонибҳо барои афзоиш додани маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат.

Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупоро шарики рушди боэътимод ва муҳим барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат меҳисобад. Бахусус Иттиҳоди Аврупо аз соли 2012 инҷониб ба рушди соҳаҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон 345 миллион евро ҷудо намудааст. Соли 2022 гардиши савдои хориҷии дуҷониба 12,5 фоиз рушд намуда, 490 миллион долларро ташкил дод.

Дар робита ба ин вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Шурои Аврупо муҳтарам Шарл Мишел дар ҳошияи нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо 2 июни соли равон дар густариши ҳамкории дуҷониба саҳифаи нав кушод.

Ҷонибҳо ба таҳкими ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла тиҷорату иқтисод, иқтисоди “сабз”, сармоягузорӣ, саноат, рақамикунонӣ, дастгирии буҷет, маориф, тандурустӣ, амнияти сарҳадот, ҳамгироии минтақавӣ, шомилшавӣ ба низоми бархурдории GSP+, муҳити зист ва тағйирёбии иқлим, идоракунии захираҳои об, ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Иттиҳоди Аврупо дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти рушди иқтисодию иҷтимоӣ хуб арзёбӣ намуда, омодагии худро барои маблағгузории соҳаҳои афзалиятнок баён намуд.

Инчунин аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба рушди ҳамкории минбаъда бо Иттиҳоди Аврупо якчанд лоиҳаи афзалиятнок, аз ҷумла лоиҳаҳои татбиқи «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Рушди инфрасохтори иҷтимоӣ», (КАДАП-7) ва «Таъсиси технологияҳои бисёрхизматии алоқа байни сохторҳои қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ» ҷиҳати маблағгузорӣ пешниҳод гардиданд.

Илова бар ин тарафҳо ҷараёни таҳияи Созишномаи нави шарикӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро хуш пазироӣ намуда, суръат бахшидани раванди мувофиқасозии онро зарур шумориданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 28, 2023 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳукумати Тоҷикистон барои сармоягузорон 240 номгӯй замонати ҳуқуқӣ муқаррар намудааст
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Дар ноҳияи Роштқалъа сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо тавоноии 11 мегаватт ба анҷом мерасад
Бо мақсади пешгирӣ аз суқут Маъмурияти федералии авиатсияи граждании Амрико санҷиши ҳавопаймои BOEING 767-ро талаб намуд
Соли 2024 ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар Тоҷикистон ба 153,4 миллиард сомонӣ баробар гардид
Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади таъмини истиқлолияти энергетикӣ 18 лоиҳаи сармоягузориро амалӣ намуд
Президенти Тоҷикистон татбиқи тарҳҳои неругоҳи «Сангтӯда-2» ва нақби «Истиқлол»-ро дастоварди муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон номиданд
Байни Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи стандартизатсия ва метрология Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон барои сармоягузорон фазои муносиби иқтисодӣ фароҳам оварда шудааст
Ҳаҷми тиҷорат байни Тоҷикистон ва Эрон дар ду соли охир 50 дарсад афзоиш ёфт
Президенти Тоҷикистон: «Иқтидори бузурги энергияи «сабз»-и Тоҷикистон дар оянда метавонад ба нафъи дигар кишварҳои минтақа, аз ҷумла Эрон низ истифода шавад»
Байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми омӯзишӣ ба имзо расид
Тоҷикистон ва Эрон дар самти муқовимат ба коррупсия ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд