Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон масъалаҳои тарҷума ва тарҷумашиносӣ баррасӣ гардиданд

Ноябрь 30, 2023 15:56

ДУШАНБЕ, 30.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таҳти унвони «Масъалаҳои тарҷума ва тарҷумашиносии тоҷик: вазъият ва дурнамо» бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ — амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.

Ректори донишгоҳ  дар бораи нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи тарҷума ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ сухан гуфта, баргузории ҳамоиши сатҳи ҷумҳуриявиро дар рушди илми тоҷик муҳиму саривақтӣ донист.

Дар ҳамоиш дар мавзуъҳои  «Ҷойгоҳи забони миллӣ дар раванди муоширати байнифарҳангӣ», «Роҷеъ ба баъзе масъалаҳои тарҷуманопазирӣ»  ва ғайра маърузаҳо пешниҳод шуданд.

Баъдан, атрофи мавзуъҳои баррасишуда байни иштирокчиён мубодилаи афкор доир шуд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

Ноябрь 30, 2023 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи идоракунии давлатӣ китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва арҷгузорӣ ба мақоми занон дар ҷомеа» рӯнамоӣ гардид
Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба раддабандии байналмилалии таҳқиқоти илмии байнифаннӣ барои соли 2027 ворид шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН ВА ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Озмуни байналмилалии Cezeri Fest 2026 соҳиби ҷойи якум шуданд
ТАҲСИЛ КАРДАН ДЕРӢ НАДОРАД. Зиёда аз 8 ҳазор хонанда дар мактаби ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Маркази имтиҳонии «linguaskill» ба фаъолият оғоз намуд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА ТАШАККУЛИ НИЗОМИ НАВИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТ. Андешаҳо дар ин маврид
Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо сертификати «Беҳтарин маркази забономӯзӣ» сарфароз гардонида шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд