Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бахшида ба Соли забони русӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд

Ноябрь 1, 2023 15:12

ДУШАНБЕ, 01.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Соли забони русӣ эълон гардидани соли 2023 таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами забоншиносӣ ва адабиётшиносӣ, робитаи байнифарҳангӣ, методикаи таълими забон ва адабиёти рус» бо иштироки олимону муҳаққиқони соҳа конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.

Таъкид гардид, ки сиёсати маорифпарварона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таълим ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русӣ шароити муосид фароҳам оварда, дар сатҳи баланди давлатӣ барои ба ҳадафҳои ососӣ ноил гардидан тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.

Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳояшон таъкид  доштанд, ки «дар тамоми зинаҳои таҳсилот – шуруъ аз муассисаҳои томактабӣ то гимназияву литсейҳо ва зинаҳои дигари таҳсил ба таври ҳатмӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ ва технологияҳои иттилоотӣ зарурати бештар дорад».

Дар конференсия дар мавзуъҳои «Мушкилот ва муаммоҳои тарҷумаи осори адабӣ дар замони муосир», «Масъалаҳои мубрами методикаи таълими адабиёти рус», «Аз таърихи тарҷумаҳои русии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ» маърузаҳои пурмуҳтавои илмӣ ироа гардиданд.

Конференсия кори худро дар панҷ бахш идома дода, зиёда аз 100 маърузаи илмии олимону мутахассисони соҳа роҷеъ ба мавзуи мавриди назар мавриди таҳлилу баррасии густурда қарор гирифт.

АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Ноябрь 1, 2023 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Намояндаи Тоҷикистон ғолиби овоздиҳии байналмилалии Ҷоизаи «Евразия-2026» гардид