Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба шарафи Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ва ҷаласаи тантанавӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 24.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 23 ноябр дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба истиқболи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ройпаймоии осоишта доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи донишгоҳ хабар медиҳад.
Устодон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ сарҷамъ гардида, дар даст парчамҳои миллӣ то бинои асосии донишгоҳ роҳпаймоӣ намуданд.
Ҳадаф аз баргузории роҳпаймоӣ — эҳтирому арҷгузорӣ ба муқаддасоти Тоҷикистон, хосатан Парчами давлатӣ арзёбӣ гардид.
Пас аз роҳпаймоӣ ба истиқболи ин рӯзи фархунда маҷлиси тантанавӣ доир шуд. Маҷлиси тантанавӣ бо даровардани Парчами давлатӣ ба маҷлисгоҳ ва садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Ректори донишгоҳ Муъмин Шарифзода иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, иброз дошт, ки «парчам рамзи озодӣ, шукуфоӣ, ояндаи дурахшон ва мояи ифтихори ҳар халқи соҳибдавлат буда, ҳар фарди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолӣ ва ваҳдату ягонагӣ ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят менамояд».
Таҷлили ин рӯзи фархунда дар замири одамон эҳсоси ватандӯстиро афзун намуда, рамзи арҷгузорӣ ба арзишҳои ахлоқию маънавии мамлакат ба ҳисоб меравад.
Маҳз бо шарофати Парчами давлатӣ имрӯз номи давлати тоҷикон вирди забони ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар қатори парчами давлатҳои соҳибихтиёри дунё, дар саҳни бинои Созмони Милали Муттаҳид парафшон гардида, аз ҳастӣ, шаъну шараф ва обрӯю эътибори давлати Тоҷикистон, миллати саодатманди тоҷик шаҳодат медиҳад.
Тазаккур дода шуд, ки шинохти муқаддасоти миллӣ чун Парчами давлатӣ ҳар фарди ҷомеаро ба сӯи муттаҳидӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ роҳнамоӣ намуда, садоқати ҳар шаҳрвандро ба ин марзу бум меафзояд ва ба амалҳои нек ҳидоят менамояд.
Дар идомаи маҷлиси тантанавӣ як зумра ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ бо Диплому Ифтихорнома ва Сипосномаву маблағҳои пулии раёсати донишгоҳ қадршиносӣ гардиданд.
Дар фарҷом барномаи рангини адабию фарҳангӣ, ки аз шеъру сурудҳои ватандӯстона иборат буд, манзур гардид.
АКС: Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон








Президенти Тоҷикистон: «Аҳолии узбекзабони шаҳри Турсунзода бо муассисаҳои таълимии узбекӣ ва китобҳои дарсӣ таъмин карда шаванд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе бо зиёда аз 40 муассисаи хориҷӣ ҳамкорӣ дорад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ раёсати маориф ва 3 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ оғоз гардид
Оид ба таҳкими истиқлоли илмӣ ва рушди он дар замони муосир ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Хатлон беш аз 900 ҳазор хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст
Дар Тоҷикистон сифати таҳсил баланд арзёбӣ мегардад, вале қонеъкунанда нест
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хатлон 341 иншооти соҳаи маориф ба истифода дода мешавад
Барои такмили ихтисоси мураббиёну омӯзгорон фаъолияти таълимӣ аз рӯйи низоми модулӣ оғоз гардид
Олимпиадаи даставӣ барои дарёфти «Ҷоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» доир гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Носири Хусрав фарогирии кӯдакон ба муассисаи томактабӣ 3,2 фоиз зиёд гардидааст
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Малакаи котибони озмун барои кор бо портали электронӣ такмил дода мешавад






