Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 18.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишкада.
Дар вохӯрӣ намояндагон аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи шаҳри Душанбе, Суди шаҳри Душанбе ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Зимни ҳамоиш масъалаҳои таъмини маданияти шаҳрнишинӣ, тарбияи ватандӯстии ҷавонон, таҳкими ҳувияти миллӣ, хизмати Модар-Ватан – қарзи шаҳрвандӣ, пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, эмин будан аз таҳдидҳои ҷаҳони муосир, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ баррасӣ гардиданд.
Дар фарҷом як зумра омӯзгорон ва ҷавонони фаъол аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе бо сипосномаҳо қадрдонӣ шуданд.
АКС: Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа








Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






