Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Барномаи рушди савдо дар Осиёи Марказии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ баррасӣ гардид

Ноябрь 18, 2023 10:45

ДУШАНБЕ, 18.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 17 ноябр дар Душанбе мулоқоти муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода бо Роҳбари Барномаи USAID оид ба рушди савдо дар Осиёи Марказӣ (TCA) Роберт Воетч баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории минбаъда байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ вобаста ба содагардонии савдо, аз ҷумла таҷдид ва такмили сомонаи Портали савдои Тоҷикистон, инчунин муқаррароти Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии савдоро баррасӣ намуда, мубодилаи афкор намуданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ, ки дар фазои кушод, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тақвият ва рушди ҳамкорӣ дар самтҳои гуфташуда иброз намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон

Ноябрь 18, 2023 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид